Сентябр 30, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Мунтазирӣ: Ҳеҷ маҳдудияте барои густариши ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ надорем

Додситонҳои кулли Қирғизистон ва Эрон дар ҳошияи 17-умин иҷлоси додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо якдигар дидор карданд.

Ҳуҷҷатулислом валамуслимин Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ бо Откурбек Ҷамшитов, додситони кулли ҷумҳурии Қирғизистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Форс, дар ин дидор тарафи қирғиз зимни хушомадгӯӣ ба ҳайати эронӣ ва ишора ба равобити дуҷонибаи Эрон ва Қирғизистон дар ҳавзаҳои мухталиф ибрози умедворӣ кард, 17-умин иҷлоси сарони Шанхай бо мавзӯи мубориза бо маводи мухаддир ба натоиҷи хубе даст пайдо кунад.

Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон низ зимни ташаккур аз меҳмоннавозии тарафи қирғиз равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла қазоиро хуб тавсиф намуд.

Вай гуфт, сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Осиёи Марказӣ аст ва дар ин росто ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад.

Додситони кулли Эрон дар идома зимн таъкид бар пешниҳоди қаблии худ дар иҷлоси Маскав мабни бар ташкили коргурӯҳе барои пайгирии мусавваботи нишаст додситонҳои кулл дар иҷлоси ҳамкориҳои Шанхай ёдовар шуд, ин пешниҳодро дар ин иҷлос низ матраҳ хоҳад кард ва аз тарафи қирғиз низ дархост менамоем ин пешниҳодро пайгирӣ намояд.