Октябр 02, 2019 17:12 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Қудрати миллати Эрон бо вуҷуди фишори душманон бештар шудааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба фишорҳои душманон алайҳи миллати Эрон таъкид кард, қудрат ва ҷойгоҳи миллати бузурги Эрон баъд аз якуним сол фишори мудовими иқтисодӣ, равшантар ва бештар шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат афзуд, Амрико бо ворид кардани бадтарин фишорҳои иқтисодӣ ба Эрон, аз ҷумла таҳрим, ихлол дар фурӯши нафт ва фаъолиятҳои бонкӣ ва бимаӣ, қасди зарба задан ба Эронро дошт, аммо ба натиҷае нарасид.

 

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки шароит ва суботи иқтисодии Эрон аз як соли пеш ба маротиб беҳтар аст, гуфт, бар асоси гузориши Бонки марказии Эрон, арзиши пули миллии кишвар нисбат ба соли гузашта 40 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, лобии зиддиэронӣ тавтеаеро таҳия карда буд, ки ба мардуми ҷаҳон бигӯяд, Эрон оғозгари як таниш дар минтақаи ҳассоси халиҷи Форс аст, аммо бо дипломатияи Эрон ин тавтеа хунсо шуд.

 

Рӯҳони бо баёни ин ки онҳое, ки барои минтақаи ғарби Осиё мушкил эҷод кардаанд, касоне ҳастанд, ки аз панҷ соли пеш мардуми мазлуми Яманро ҳадафи бомбаборони ваҳшиёнаи худашон қарор медиҳанд, афзуд, Эрон дар ин муддат мудофеи мазлумон дар баробари терроризми ҷаҳонӣ буда ва касе наметавонд ин воқеиятро инкор кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон қудрати минтақаӣ аст ва инзивои Эрон дар ин минтақа номумкин аст.

 

 

 

 

 

 

Барчасп