Октябр 05, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар рутбаи дувуми сареътарин рушди гардишгарии ҷаҳон

Бар асоси гузориши ҷадиди Созмони ҷаҳонии Гардишгарӣ Эрон бо 49 дарсад рушд, пас аз Эквадор дар рутбаи дувуми сареътарин кишварҳо аз ҳайси рушди ҷазби гардишгари хориҷӣ қарор дорад.

Гардишгарии Эрон, ки дар соли 2017 мелодӣ дар маҷмуъ аз 4.867 миллион туристи хориҷӣ мизбонӣ карда буд, дар соли 2018 тавонист бо 49.9 дарсад рушд, ин рақамро ба 7.295 миллион нафар бирасонад то пас аз Эквадор , сареътарин рушдро дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар ҷазби гардишгар ба номи худ сабт кунад.

Рушди 49.9 дарсади ҷазби гардишгари байналмилалӣ дар Эрон дар бозаи замонии 2017-2018 дар ҳоле ба сабт расидааст, ки пеш аз он ва дар фосилаи замонии 2016-2017 рушди гардишгарии Эрон манфии 1.5 дарсад гузориш шуда буд.

 Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ аз мизони даромадҳои гардишгарии Эрон дар соли 2018 иттилооте надода, аммо барои соли 2017 рақами 4.402 миллиард долларро ба унвони даромади ҳосил аз ҷазби гардишгарони хориҷӣ дар Эрон эълом кардааст.

 

 

 

 

 

Барчасп