Октябр 06, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Муовини бурунмарзии Садо ва симо: инқилоби исломии Эрон дар марзҳои худ маҳдуд набудааст

Муовини бурунмарзии Садо ва симои Эрон бо баёни ин ки инқилоби исломӣ ҳеҷгоҳ дар марзҳои худ маҳдуд набудааст гуфт, инқилоби исломӣ расолати ҷаҳонӣ ва инсонӣ дорад.

Ба нақл аз ЭронПресс, Паймони Ҷибилӣ муовини бурунмарзии Садо ва симои Эрон имрӯз (якшанбе) дар маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон зимни гиромидошти шаҳидони ин муовинат гуфт, маъмурият ва расолати муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва симои Эрон ба фалсафаи вуҷудии инқилоби исломии Эрон гиреҳ хурдааст.

Ҷибилӣ афзуд, арзиши кор дар муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ба андозаи расолати ҷаҳонии инқилоби исломӣ аст.

Муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба шабакаҳои бурунмарзии Созмони Садо ва симои Эрон тасреҳ кард, пахши клипи амалиёти Ҳизбуллоҳ дар Фейсбук ва пахши мусоҳибае аз сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ боис шуд, ки душманон дар фаолиятҳои шабакаҳои бурунмарзии Созмони Садо ва симои Эрон ихтилол эҷод кунанд.

Ҷибилӣ таъкид кард, шабкаҳои бурунмарзии Созмони Садо ва симои Эрон бо вуҷуди иқдомоти харобкоронаи душманон бо қудрат ба фаолиятҳои худ идома медиҳанд.


Маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии уовинати бурунмарзии Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури шуморе аз мақомоти лашкарӣ ва кишварӣ имрӯз дар Маркази ҳамоишҳои Садо ва симо баргузор шуд.

Барчасп