Раҳбари муаззами инқилоб: Эрон барои тавлид ва нигаҳдошти бомбаи ҳастаӣ ҳазина намекунад
(last modified Wed, 09 Oct 2019 11:54:44 GMT )
Октябр 09, 2019 16:54 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Эрон барои тавлид ва нигаҳдошти бомбаи ҳастаӣ ҳазина намекунад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба мавзеи қотеона ва шуҷоонаи ҷумҳурии исломӣ дар бораи ҳурмати шаръии истифода аз бомбаи ҳастаӣ ‏таъкид карданд: Эрон барои тавлид ва нигаҳдошти бомбаи ҳастаӣ ҳазина намекунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ду ҳазор нафар аз нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмии Эрон афзуданд: “Мо бо вуҷуди ин ки метавонистем дар ин роҳ қадам бардорем, бар асоси ҳукми Ислом корбурди силоҳи ҳастаиро ҳароми қатъии шаръӣ эълом кардем. Бинобар ин, ҳеҷ далеле надорад, ки барои тавлид ва нигаҳдошти силоҳе, ки истифода аз он мутлақан ҳаром аст, ҳазина кунем”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳунари инқилоби исломиро ҷуръат додан ба ҳама барои вуруд ба маёдини душвор, аз ҷумла вуруд дар маёдини илмие, ки ҳатто таҳсини душманонро низ ба дунбол доштааст, хонданд ва бо ёдоварии мавориде аз ифтихороти илмии кишвар гуфтанд, истифода аз зарфияти илмӣ дар бахшҳои мухталифи кишвар ба боло бурдани қудрати дифоӣ, дармон ва пизишкии пешрафта ва контроли бемориҳо, масоили фаннӣ - муҳандисӣ, зистифанноварӣ ва тавлиди маҳсулоти бодавом бо фанноварии нано ва фанноварии сулҳомези ҳастаӣ мунҷар шудааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ идомаи пешрафти илмии Эронро дар ҷараёни ҳаракати пуршитоби илмии ҷаҳон комилан зарурӣ ва ҳаётӣ хонданд ва бо ишора ба шавқи саршор, ангезаи таҳсинбарангез ва эътимод ба нафси ҷавонони нухба таъкид карданд, ҳар ҷавони нухба пораи тани Эрон аст ва барои рафъи мушкилоти нухбагон бояд санади роҳбурдии умури нухбагонро комилан ҷиддӣ иҷро ва пайгирӣ кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гирдовардани нухбагони эронии фарҳангии бузург, яъне нухбагони қаламрави васеи фарҳанги эронӣ дар қарнҳои гузаштаро намунае аз зарфияти билқуваи ҷомеаи нухбагон хонданд ва афзуданд: “Иртиботгирӣ ва гирдоварии нухбагони минтақаи ғарби Осиё, ҷаҳони Ислом, меҳвари муқовимат ва ҳатто гирдоварии нухбагони ҳақҷӯи олам дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Амрико ва Аврупо метавонад бо навъе ниҳодсозӣ ба ироа ва тарвиҷи “дониши пок ва бо шарофат” ва “андешаи дуруст” мунҷар шавад.