Октябр 11, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар баданаи нафткаши эронӣ дар Баҳри Сурх

Як нафткаши эронӣ субҳи имрӯз (ҷумъа) дар Баҳри Сурх дучори инфиҷор шуд, ки эҳтимол дорад ин инфиҷор бар асари асобати мушак рӯй дода бошад.

Ба нақл аз ИРНА, нафткаши эронии SABITY мутааллиқ ба ширкати миллии Нафткаши Эрон субҳи имрӯз эҳтимолан бар асари асобати мушак дар 60 милии бандари Ҷиддаи Арабистони  Саудӣ, дучори ду инфиҷор дар бахши бадана шуд.

Бар асари ин инфиҷор бахше аз нафти мавҷуд дар ин нафткаш ба Баҳри Сурх рехт, аммо раванди хурӯҷи нафт аз ин нафткаши эронӣ пас аз соатҳо мутаваққиф шуд.

Ҳамчунин бар хилофи бархе ахбори мунташиршуда, ҳеҷ гуна оташсӯзӣ дар киштӣ рух надодааст ва киштӣ комилан дар вазъияти босубот қарор дорад ва ҳамаи коркунон дар вазъе комилан эмин ва солим ба сар мебаранд.

 

Барчасп