Имрӯз рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ аз суханварони номии ҷаҳон
Имрӯз дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ номгузорӣ шудааст.
Хоҷа Шамсуддини Муҳаммад ибни Баҳоуддини Ҳофизи Шерозӣ (ҳудуди солҳои 727-792 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо қарни чаҳордаҳуми милодӣ) шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст. Ҳофизи Шерозӣ чун Қуръони каримро ҳифз буд ба Ҳофиз мулаққаб шуд, худ дар шеърҳояш ба ин решаи амиқ ишора кардааст: "Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз/ ба қуръоне ки андар сина дорӣ" Дивони Ҳофизи Шерозӣ дар китобхонаҳои Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Покистон ва Туркия мавҷуд аст. Тахассуси Ҳофизи Шерозӣ дар ғазал буд, ки вай бо табаҳҳур тавонист дар ин замина сабке навро бо унвони сабки Ироқӣ поягузорӣ кунад. Тарҷумаҳои Дивони Ҳофизи Шерозӣ дар саросари ҷаҳон мавҷуд аст ва шоирон ва мутафаккироне монанди Иоганн Волфганг фон Гёте "ва" Фридрих Вилгелм Нитше шоирон ва мутафаккирони олмонӣ аз вай ба некӣ ёд мекунанд ва таҳти таъсири ашъори ӯ қарор гирифтаанд. Хоҷа Шамсуддини Муҳаммад ибни Баҳоуддини Ҳофизи Шерозӣ дар 65 солагӣ аз дунё рафт. Пайёми Ҳофизи Шерозӣ ба инсон ин аст, Одамӣ аз олами хокӣ намеояд ба даст/ оламе дигар бибояд сохт, ваз нав одаме.