Октябр 15, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • “Ғариби Хуросон” ҳамзамон меҳмони тоҷикон ва озариҳо

Дар иқдоми расонаии ҷадид, радио тоҷикии маркази Хуросони Разавӣ иқдом ба тавлиди вижабарномаи зинда бо номи “Ғариби Хуросон” дар солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а) мекунад.

Дар ин барномаи 30 дақиқаӣ, ки ба таҳиякунандагии Саидмеҳрдоди Ҳусайнӣ ва Маҷиди Ҳотамзода тавлид шудааст, барои нахустин бор аз тариқи ин вижабарномаи зинда бо радиои туркии маркази Озарбойҷон иртиботи радиоӣ, барқарор мешавад.

Фарзодӣ, мудири радиои тоҷикӣ, ки гузоришгарии ин барномаро ҳам аз ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ҳамроҳ бо гузоришгари туркзабони ин радио хонум Заҳро Муҳаммадӣ бар ӯҳда дорад, ҳадаф аз сохти барномаи “Ғариби Хуросон”-ро тарвиҷи фарҳанги Разавӣ дар кишварҳои Осиёи  Миёна, Қафқоз ва Озарбойҷон эълом кард.

Шоёни зикр аст, садобардории ин барномаро Ҳасани Осиёӣ ва коршиносии ин барнома низ ҳуҷҷатулислом Пӯё бар ӯҳда доранд.

Ин барнома ба ду забони форсӣ ва сирилик дар ду сайти форсӣ ва тоҷикии радиои "Садои Хуросон" низ боргузорӣ мешавад.

 

 

Барчасп