Октябр 15, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои исломӣ бояд садои расои Фаластин бошад

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар дидори дабири кулли Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои исломӣ гуфт, ин иттиҳодия бояд садои расои Фаластин бошад чаро, ки дар ошуфтагиҳои ҷаҳони Ислом ба ин кишвар бетаваҷҷӯҳӣ мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ рӯзи душанбе дар ҳошияи 141-умин нишасти Иттиҳодияи байналмаҷолиси ҷаҳонӣ (IPU) бо дабири кулли Маҷолиси кишварҳои исломӣ (PUIC) дидору гуфтугӯ кард.

Лориҷонӣ дар ибтидои ин дидор гуфт, дар сурати ташкили кумитаҳои маҷолиси кишварҳои исломӣ, иттиҳодия натоиҷи малмусе пайдо хоҳад кард ва бояд аз тамоми зарфиятҳои ин иттиҳодия баҳра бурд, дар воқеъ бояд кишварҳо созу коре дар назар ва аз зарфиятҳои иқтисодии якдигар баҳра бигиранд.

Вай афзуд, дар сурати қуввати пайвандҳои иқтисодии кишварҳои исломӣ, бар номулоимоти сиёсии онҳо низ таъсири мусбат гузошта ва душманӣ ва рақобат ба мушорикат ва ҳамкорӣ табдил хоҳад шуд, албатта бархе аз мушкилот дар ҷаҳони Ислом ба осонӣ ҳал намешавад, чаро, ки ҷоҳилон иҷоза намедиҳанд, аммо бояд масири таомул ва гуфтугӯро идома дод.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ изҳор кард, дар масъалаи Фаластин Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои исломӣ бояд садои расои Фаластин бошад чаро, ки дар ошуфтагиҳои ҷаҳони Ислом ба Фаластин бетаваҷҷӯҳӣ мешавад, лизо созмони шумо бояд дар ин робита ҳарфе бизанад.

Дар идома дабири кулли Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои исломӣ зимни ироаи гузорише аз амалкарди ин иттиҳодия, ки мақари он дар Теҳрон аст, афзуд, ба думболи фаъол кардани комиссияҳо ва кумитаҳои Иттиҳодияи маҷолиси исломӣ ҳастем то қабл аз маҷмаи умумии соли оянда, ин комиссияҳо фаъол шаванд.

Иттиҳодияи байналмаҷолис дар соли 1889 таъсис шуд, ки нахустин ниҳоди анҷумани собит барои музокироти чандҷонибаи сиёсӣ ва мухтаси намояндагони парлумон буд, аммо дар идома ба як созмони байналмилалӣ барои маҷолиси кишварҳои мухталиф табдил шуд.

 

Барчасп