Сентябр 25, 2016 20:08 Asia/Dushanbe
  • Ташреҳи дастовардҳои сафари раисҷумҳури Эрон ба Ню-Йорк

Раиси дафтари раисҷумҳури Эрон зимни ташреҳи дастовардҳои сафари доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ню-Йорк ва ҳузур дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид гуфт: дипломатияи фаъоли Эрон ва таърифи амалиётии мо аз таомули созанда, густариши муносибот бо ҳамаи касоне аст, ки мехоҳанд, бо Эрон равобити хубу дӯстона дошта бошанд.

Ба гузориши Ирно, Муҳаммади Наҳовандиён дар бораи дастовардҳои сафари раисҷумҳурӣ ба Ню-Йорк гуфт: Раисҷумҳур дар ҳошияи иҷлосҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд ва Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид 24 дидор дошт, ки 9 дидор бо сарони кишварҳо ва иқтисодҳои муҳим буд ва 11 дидор ҳам бо мақомоти кишварҳои ғайри аврупоӣ 3 дидор ҳам бо мақомоти ҳамсоягони Эрон яъне Покистон, Туркия ва Ироқ буд .

**Дипломатияи фаъол мавриди таъкиди мақоми муаззами раҳбарӣ аст

Вай бо баёни инки ин таркиб нишон медиҳад, дипломатияи фаъоли Эрон ва таърифи амалиётии мо аз таомули созанда, густариши муносибот бо ҳамаи касоне аст, ки мехоҳанд, бо Эрон равобити хуб ва дӯстона дошта бошанд, афзуд: Ин ҳамон нуктае аст, ки мақоми муаззами раҳбарӣ дар дидор бо аъзои ҳайъати давлат бар он таъкид дошт. Асарот ва самароти рӯйкарди давлат дар се соли гузашта дар дидорҳо ва Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид мушоҳида шуд .

Раиси дафтари раисҷумҳур дар идомаи суханонаш гуфт: Акнун мавқеияти ҷумҳурии исломии Эрон ба лутфи илоҳӣ ва ба ҳиммати нерӯҳои мусаллаҳи кишварамон бо тадбири дипломатҳои мо ва бо қудрати иқтисоди баромада аз иқтисоди муқовиматӣ дар шароите аз иззат аст, ки дигарон баунвони марҷаи ҳалли масоил бо Эрон сухан мегӯянд.

 **Авлавияти аслии давлат беҳбуди иқтисод аст

Раиси дафтари раисҷумҳури Эрон дар бахши дигаре аз суханонаш аз беҳбуди вазъияти иқтисодии кишвар баунвони аслитарин сиёсати давлат ном бурд ва гуфт: Иқтисоди Эрон баунвони муваффақтарин иқтисод дар бархурд бо чолиши уфти қиммати нафт будааст. Ин дар ҳолест, ки ин чолиш дигар кишварҳои нафтиро бо мушкилоте монанди афзоиши таваррум мувоҷеҳ кардааст, аммо таварруми Эрон коҳиш ва нархи рушди иқтисодӣ афзоиш ёфтааст. Наҳовандиён дар идомаи суханонаш дар бораи эътирози Эрон ба коршиканиҳои Амрико дар раванди иҷрои БАРҶОМ гуфт: Дар масъалаи БАРҶОМ ба кундиҳо ва иҳмолкориҳои давлати Амрико эътироз дорем. Бар асоси матни БАРҶОМ дар паи рафъи таҳримҳои ҳастаӣ бояд равобити иқтисодӣ бо Эрон оддисозӣ шавад, мо ба Амрико муътаризем, чун таҳримҳои аввалия ва якҷонибаи худро ҳамчунон нигаҳ доштааст.

Вай ба дастовардҳои БАРҶОМ ишора кард ва гуфт: Бонкҳои кӯчаку мутавассит дар бисёре аз кишварҳо ҳам барои воридот ва ҳам содирот, барои мо Эл Си боз мекунанд ва содироти ғайринафтии мо афзоиш ёфтааст. Дар фурсати 8 моҳ пас аз БАРҶОМ беш аз як миллион бушка ба тавлиди нафти кишварамон изофа шуд ва мушкили фурӯш надорем. Дар робита бо бимаи каштиронӣ ҳам мушкиле надорем ва таҳримҳои муртабит бо ҳастаӣ бардошта шуд .

Наҳовандиён идома дод: Аммо инки шароит багунае шуда бошад, ки бонкҳои бузург, бидуни нигаронӣ аз таҳримҳои аввалия ва якҷонибаи Амрико ҷилав биёянд, он суръати матлуб ҳосил нашудааст, ки ҳамин мавзуъ мояи эътирози мо шудааст .

 **Аврупоиҳо дар иҷрои БАРҶОМ бо мо ҳамнаво шудаанд

Наҳовандиён аз эътирозоти расмии Эрон ба Амрико дар хусуси коршиканиҳои ин кишвар дар раванди иҷрои БАРҶОМ хабар дод ва гуфт: Дар ҷаласоте, ки тими музокиракунандаи Эрон дар сатҳи муовини вазир ва вазир дошт, ин мавзуъро пайгирӣ кард, то инки билохира Эрон ба ин тасмим расид, ки батаври расмӣ ин эътирозро матраҳ кунад. Эрон дар замоне ин тасмимро гирифт, ки аврупоиҳо ҳам бо мо ҳамнаво ва ҳамсухан шуданд. Наҳовандиён изофа кард: Ҷаласаи вузарои хориҷаи гурӯҳи 5+1 ва вазири умури хориҷаи кишварамон ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд .

Наҳовандиён дар бораи мавзеъгириҳои мусбати ахири Могерини ҳам гуфт: Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар суханонаш тасреҳ кардааст, ки бояд дастовардҳои иқтисодии БАРҶОМ барои Эрон ҳосил шавад ва малмус бошад ва ин мавзеи аврупоиҳост ва рӯи сухани онҳо бо Амрикост. Иттиҳодияи Аврупо акнун таҳриме алайҳи Эрон надорад. Пеш аз БАРҶОМ ин иттиҳодия дар канори Амрико буд ва ҳатто батаври якҷониба таҳримҳои мутааддидеро алайҳи Эрон вазъ карда буд. Тавфиқи бузурги БАРҶОМ ин буд, ки ба якбора на танҳо чанд қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид лағв шуд, балки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳам лағв ё мутаваққиф шуд .

 **Давраи достонсароӣ дар бораи фаъолияти ҳастаии Эрон ба сар омадааст

Наҳовандиён гуфт: Пояи таҳримҳои ҳастаӣ шикаст. Бинобарин дигар касе наметавонад ба баҳонаи ҳастаӣ Эронро таҳрим кунад. Вай дар бораи масоили фимобайни Эрон ва Амрико гуфт: Масоили мо бо Амрико мутааддид ва чандҷониба аст, девори беэътимодӣ миёни мо ва Амрико дар тӯли солҳои пеш ва пас аз инқилоб барқарор шудааст ва ин масоиле нест, ки ба содагӣ қобили ҳал бошад .

 **Ба сиёсатҳои Амрико дар минтақа муътаризем

Наҳовандиён бо ташреҳи эътирозҳои Эрон ба сиёсатҳои минтақаии Амрико дар Ховари Миёна таъкид кард: Мо мутаносиб бо кунишҳо, вокуниш нишон медиҳем, яке аз эътирозоти мо ба Амрико сиёсатҳои нодуруст ва фоҷеабори он дар минтақаи мост. Мавзеъ ва таҳлили Эрон дар 40 соли гузашта ҳамеша дуруст ва мавозеи Амрико ҳамвора ғалат ва сиёсати Амрико дар минтақаи мо ҳам ҳамвора мушкилзо будааст. Рӯйкарди Эрон аз ибтидо фирқагароёна набуд, балки мантиқӣ ва сулҳталабона буд .

 **Шикояти расмии Эрон аз Амрико

Наҳовандиён дар бораи мавзуи мусодираи 2 миллиард доллар аз амволи Эрон дар Амрико низ тавзеҳ дод: Оқои Рӯҳонӣ дар нутқи худ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба сароҳат ба ин мавзуъ пардохт. Шикоятеро, ки ба Девони олии додгустарии байналмилалӣ кардаем, батаври ҷиддӣ дунбол хоҳем кард. Вай дар идома афзуд: Вукалое қавӣ дар ин бора ба кор гирифтаем ва дар маҳофили сиёсӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ ҳам онро пайгирӣ мекунем.

Наҳовандиён ба сандалиҳои холии Маҷмаи умумии Созмони милал ҳангоми суханронии нахуствазири режими саҳюнистӣ низ ишора кард ва гуфт: Ахиран Нетаняҳу дар суханрониҳояш ба қадаре аз фазои ҳоким бар фазои Созмони милал хашмгин буд, ки ба ҷои мавриди хитоб қарор додани Эрон ба Созмони милал ва ЮНЕСКО ҳамлавар шуд ва кор ба ҷое расид, ки дигар Эронро аз хотир бурд, зеро дигар фазои сиёсии ҷаҳон такрори дуруғҳои гузаштаро дар бораи Эрон намепазирад. Ваҷҳи тамоюз миёни гуфтаҳои Арабистон ва саҳюнистҳо дар Созмони милал бо воқеияти Эрон сабаби сарбаландии мо мешавад .