Октябр 20, 2019 15:49 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Руҳонӣ аз талоши ироқиҳо дар баргузории маросими Арбаин

Раиси ҷумҳури Эрон дар пайёме ба раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Ироқ, аз талоши ҳамаи мардум, масъулон ва олимони Ироқ барои таъмини амнияти комил ва меҳмоннавозӣ аз зоирони Арбаини Ҳусайнӣ (а) қадрдонӣ кард.

Ба нақл аз Радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайёми рӯзи якшанбе Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ба Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳурӣ ва Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ омадааст, дар роҳпаймоии бузург ва бошукуҳи Арбаини Ҳусайнӣ, ки имсол бо ҳузур ва мушорикати беназир ва миллиионии ошиқони вилоят ва муштоқони озодӣ ва озодагӣ баргузор шуд, бори дигар ҳамосае ҷовдона ва ба ёдмондании халқ ва паёми озодагӣ ва ҷавонмардии Ошуро ба гуши ҳамаи ҷаҳониён расонда шуд.

Руҳонӣ афзуд, гирдиҳамоии Арбаини Ҳусайнӣ (а) беш аз пеш нишон дод, ки Арбаин фақат як муносибати тақвимӣ нест, балки муъҷизаи мондагори таърихӣ ва қавитарин расона барои муъаррифии фарҳанги ҳусайнӣ ва қиёми ошуроӣ аст.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки ин ҳамоиши ҷаҳонӣ саршор аз баракатҳо аст, ки ҳар сол беш аз пеш паҳлуҳое аз он ошкортар мешавад тасреҳ кард, гирдиҳамоии Арбаини Ҳусайнӣ таҷалили ҳамбастагӣ ва иттиҳод ва наздикии самимонаи иродатмандони расолат ва вилоят ба вижа дар байни мардуми Эрон ва Ироқ ва ташкили ҷабҳае воҳид алайҳи зулм, табъиз ва хушунат аст.

Дирӯз шанбе бистуми сафар 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 октябр) Арбаини шаҳодати ҳазрати иммом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало буд.

Шумори зиёде аз мусулмонон ва пайравони динҳои илоҳии дигар, аз чанд рӯз монда ба Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), бо пиёдаравии масири ҳудуди 80 километрӣ аз шаҳри Наҷаф то Карбало худро ба марқади мутаҳҳари ишон дар Карбалои маъалло расонданд.

Имсол аз Эрон беш аз 3 миллион зоир барои ширкат дар роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ (а) ба атаботи олиёти Ироқ рафтанд.

Барчасп