Октябр 20, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи  амрикоиҳо ба қудрати мушакии Эрон

"Уолл стрит ҷорнал" навишт: Эрон ҳазорон мушаки қудратманд дорад ва ҳарифе сарсахт барои Амрико маҳсуб мешавад.

Рӯзномаи "Уолл стрит ҷорнал" навишт: Эрон бо тавсиаи зарродхонаи мушакии худ чолише бузургро барои Амрико ва Арабистони Саудӣ ба вуҷуд овардааст ва эъзоми сомонаҳои мушакии Пентагон ба Арабистон ба хотири ин афзоиши тавони низомии Теҳрон аст.

Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқоиса бо замони охирин ҳамлаи мутақими Амрико ба ин кишвар дар соли 1988 (ҷанги нафткашҳо) ба ҳарифи бисёр мутафовите мубаддал шудааст.

Ин кишвар акнун ҳазорон мушак дорад, ки бисёре аз онҳо метавонанд ба Исроил ва Медитарона расида ва дар мавориде тибқи гуфтаи Амрико, аз системаи дифоии Арабистон низ пешӣ бигиранд.