Баргузории маросими азодории реҳлати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати Имом Ҳасани муҷтабо (а) дар саросари Эрони исломӣ
(last modified 2019-10-27T13:04:26+00:00 )
Октябр 27, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими азодории реҳлати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати Имом Ҳасани муҷтабо (а) дар саросари Эрони исломӣ

Маросими азодории солрӯзи реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари гиромии ислом ва солрӯзи шаҳодати Имом Ҳасани муҷтабо (а), имоми дуввуми шиаёни ҷаҳон дар шаҳрҳои мухталифи Эрон бо ҳузури густурдаи азодорон баргузор шуд.

Имрӯз (якшанбе) 28-уми сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 27-уми октябри 2019 солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани муҷтабо (а), имоми дуввуми шиаёни ҷаҳон аст.

Саросари Эрони исломӣ имрӯз сиёҳпӯш аст ва мардуми мӯъмин ва дӯстдори аҳли Байти исмат ва таҳорат (а) дар сӯги реҳлати Паёмбари гиромии ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани муҷтабо (а) азодорӣ карданд.

Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон дар Машҳад ва ҳазрати Мкъсума (с) дар Қум низ дар ин рӯз мамлӯъ аз азодорон буд.

Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) то қабл аз реҳлаташон дар соли 11-уми ҳиҷрии қамарӣ бо утуфат аҳком ва мабонии шариати набавиро ба шеваҳои писандида баён карданд.

Ҳазрати Имом Ҳасани муҷтабо (а), имоми дуввуми шиаёни ҷаҳон низ, ки дар ҳудуди сӣ сол бо падари бузургворашон ҳазрати Алӣ ибн Абутолиб, имоми аввали шиаёни ҷаҳон мулозимат доштанд, дар 28-уми сафари соли 50 ҳиҷрии қамарӣ дар 47 солагӣ ба шаҳодат расиданд.