Октябр 30, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Амният ва сулҳ дар минтақа ; меҳвари дипламатии Эрон

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи сешанбе пас аз ширкат дар Иҷлоси минтақаии амниятии Мюнхен ,ки дар Доҳаи Қаттар баргузор шуд ба Женева аззимат кард.

Дар ин сафар вазирони хориҷаи Эрон, Русия , ва Туркия пас аз баргузории нишасти муштарак дар Женева ва машварат бо Гир Педерсон намояндаи вижаи дабири кулӣ Созмони Милалл дар умури Сурия ; баёнияе мунташир карданд.

Дар ин баёния зимни таъкид бар ҳокимият , истиқлол , ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия ; тасриҳ шудааст,ки ин усул бояд мавриди эҳтироми ҳамаи тарафҳо бошад.

Дар ин баёния ҳамчунин аз ташкили Кумитаи қонуни асосӣ ва оғоз бакори он дар Женева дар 30 октиябр 2019 ба унвони натиҷаи кумаки муасири зоминин раванди музокироти Остона ва иҷроии тасмимоти конгира гуфтугуи миллиӣ Сурия дар Сочӣ истиқбол ва аз талошҳои намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милалл дар Сурия тақдир шудааст.

Нишастҳои кумитаи тадвини қонуни асосии Сурия қарор аст аз рӯзи чоршанбе оғоз шуд. Ин иҷлос метавонад гоми муҳиме дар масири ҳалу фасли сиёсии буҳрони Сурия талақӣ шуд.

Гир Педерсон ,фиристодаи Созмони Милалл ба Сурия дар канфронси матбуотӣ дар Женева изҳор кард ; оғози кори Кумитаи қонуни асосӣ метавонад равзанаи умеде барои мардуми Сурия бошад,ки ранҷ ва мушкилоти онҳо тулонӣ шуда ва ташкили ин Кумита ба манзалаи аввалин тавофуқи сиёсӣ миёни давлати Сурия ва мухолифони сурӣ аст.

Раванди Остона ва раванди Женева барои поёни ҷанг дар Сурия акнун ба марҳалаи ҳасоси ташкили Кумитаи қонуни асосӣ наздик шудааст. Шаклгирии Кумитаи қонуни асосӣ натиҷаи талоши мустамари ҷумҳурии исломии Эрон ; Русия , Туркия , дар қолиби раванди Музокироти Остона аст.

Нақши таъсиргузори нишастҳои сеҷониба дар бозгашти оромиш ва субот ба Сурия инкорнопазир аст.

Ҳасан Бекӣ коршиноси сиёсӣ мегуяд ; иқдомоти якҷонибаи Амрико дар ғарби Осиё , боис шуд, ки  Сурия дучори буҳрони амиқе гардад ва ба яке аз конунҳои хатарноки фаъолияти гурӯҳҳои терорристӣ табдил шавад. Дар чунин вазъияти хатарноке ; инсиҷоми 3 кишвари Эрон , Русия ,ва Туркия сабаб шуд , сиёсати Амрико барои таҷзияи Сурия шикаст бихурад.

Гир педерсон , намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милалли Муттаҳид дар Сурия пеш аз ин гуфтааст,ки кори Кумитаи қонуни асосӣ бар асоси усули сиёсӣ аст,ки шомили эҳтиром ба ҳокимият , ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия мутобиқ бо маншури Созмони Милалл ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милалл аст.

Аз ин дидгоҳ ; ташкили Кумитаи қонуни асосии Сурия гоми муҳиме аст, ки метавонад масирро барои эҷоди як фароянди сиёсии пойдор ва мондагор , таҳти раҳбарӣ ва моликияти Сурия бо тасҳил Созмони Милалл дар ростои тасмимоти  конгираи гуфтугуи миллии Сурия дар Сочӣ ва қатъномаи 2254 и Шӯрои амният ҳамвор кунад.

Акнун дар ин чорчуби ҷалсаҳои ин Кумита қарор аст бо мушорикати 150 узв оғоз шуд. Ҳамчунин Кумитаи кучак ( Кумитаи тадвини қонуни асосӣ ) аввалин ҷаласаи худро рӯзи ҷумъа дар мақари Созмони Милалл дар Женева барои оғози сулҳи қонуни асосӣ баргузор хоҳад кард.

Нуктаи муҳим дар нишастҳои сеҷониба ; истимрори гуфтугуҳо дар заминаи бо ҳадафҳои муштарак аст ,ки ин як дастоварди муҳим барои тақвияти амният дар минтақа аст. Бар ҳамин асос вазирони хориҷаи се кишвари Эрон , Русия ва Туркия дар баёнияи Женева хотирнишон карданд , оғоз ба кори кумитаи қонуни асосӣ таъйид мекунад ,ки роҳи ҳали низомӣ барои мунозиъаи Сурия вуҷуд надорад. Ин воқеияте аст ,ки Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон пеш аз  аззимат ба Женева дар мусоҳиба бо шабакаи телвезионии Алҷазираи Қаттар ба он ишора кард ва гуфт ;  ҷанг ба суди ҳеҷкас нахоҳад буд.

Зариф ҳамчунин дар суханоне дар Иҷлоси соли гузаштаи амниятии Мюнхен гуфта буд ; ҳадафи сиёсати хориҷии Эрон эҷод ва тақвияти минтақаи қавӣ аст, ки монеъи аслии зуҳури тамоюлоти султаҷуёна аз ҷониби ҳар қудрате шавад.

Дар ин росто ҷумҳурии исломии Эрон дар дипламатии минтақаии худ бар идомаи талошҳои чандҷониба барои барқарории сулҳу оромиш дар минтақа таъкид дорад.

Ҳузури Зариф дар иҷлоси Доҳа ва ҳамчунин сафараш ба Женева ва ширкат дар нишасти машваратии сеҷониба ҳамзамон бо баргузории иҷлоси ифтитоҳияи Кумитаи қонуни асосии Сурия дар ҳамин росто қарор дорад.