Ноябр 03, 2019 17:35 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Музокира бо Амрико ҳеҷ натиҷае надорад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ музокира бо Амрикоро бенатиҷа баршумурданд ва таъкид карданд: Ҳеҷ натиҷае аз гуфтугӯ бо амрикоиҳо ҳосил нахоҳад шуд, зеро онҳо яқинан ва қатъан ҳеҷ имтиёзе нахоҳанд дод.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (якшанбе) дар остонаи 13 обон, Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар дидори ҳазорон нафар донишомӯзон ва донишҷӯёни саросари кишвар афзуданд: Тарафи муқобил нишастани мақомоти эронӣ пушти мизи музокираро ба маънои ба зону даровардани Ҷумҳурии исломӣ медонад ва аз исрор ба музокира ин ҳадафро дорад, ки ба ҷаҳониён бигӯяд, фишори ҳаддиаксарӣ ва таҳримҳо саранҷом натиҷа дод ва эрониҳо ба зону даромаданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ сад кардани роҳи нуфузи муҷаддади сиёсӣ ва тасаллути дубораи амрикоиҳо бар эрониёнро муҳимтарин посухи Ҷумҳурии исломӣ дар муқобили тавтиаҳои ҳокимони Вашингтон баршумурданд ва тасреҳ карданд: Манъи музокира бо Амрико, яке аз абзорҳои муҳими бастани роҳи вуруди онон ба Эрон аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҷрибаҳое назири музокироти бенатиҷаи Куба, ва Кореяи Шимолӣ бо Амрикоро дарсомӯз хонданд ва гуфтанд: Амрико ва Кореяи Шимолӣ мутақобилан қурбон садақаи якдигар ҳам рафтанд, аммо дар ниҳоят амрикоиҳо бар асоси риволи худ дар музокирот, як зарра аз таҳримҳо кам накарданд ва ҳеҷ имтиёзе надоданд.

Эшон ҳамчунин бо ишора ба исрори даавлати Фаронса ба воситагарӣ гуфтанд: Раисҷумҳури Фаронса як мулоқот бо Трампро ҳалли ҳамаи мушкилоти Эрон дониста буд, ки бояд бигӯям ин шахс ё хеле сода аст ва ё ҳамдасти амрикоиҳо аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо тарҳи ин суол, ки ҳадди таваққуфи хостаҳо ва таваққуоти Амрико аз Эрон куҷо аст, гуфтанд: Хостаҳои Амрико ҳеҷ гоҳ тамомӣ надорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба талошҳои бенатиҷаи Амрико барои ҳазф ё маҳдуд кардани қудрати дифои мушакии Эрон афзуданд: Имрӯз ба фазли илоҳӣ ва ҳиммати ҷавонони меҳан, дорои мушакҳои дақиқ бо бурди ду ҳазор километр ҳастем, ки метавонад ба ҳар ҳадафе бо хатои фақат як метр исобат кунад.

 

 

Барчасп