13 обон; намоди муқовимати миллати Эрон муқобили истикбори ҷаҳонӣ
Имрӯз душанбе сездаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2019) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Чиҳил сол пеш дар чунин рӯзе (13 обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ чаҳоруми ноябри 1979) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои Амрико алайҳи инқилоби исломии Эрон лонаи ҷосӯсӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.
Мардуми Эрони исломӣ ҳарсола бо гиромидошти ин рӯз дар роҳпаймоии саросарӣ ва пуршур, ваҳдати миллӣ ва инсиҷоми исломии худро намоиш медиҳанд ва пайёми инқилоби исломӣ яъне "истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии исломӣ" ва истикборситезиро фарёд мезананд.
13 обон, ёдовари се руйдоди муҳим дар се давраи ҳассос аз таърихи инқилоби исломии Эрон аст.
Ин се руйдоди муҳим, солрӯзи табъиди ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба Туркия (13 обони соли 1343 ҳиҷрии шамсӣ- чаҳоруми ноябри 1964), куштори донишомӯзон тавассути режими паҳлавӣ (13 обони 1357 чаҳоруми ноябри 1978) ва ҳаракати инқилобии тасхири лонаи ҷосӯсии Амрико дар Теҳрон тавассути донишҷӯёни пайрави хати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эронро шомил мешавад.
Ҳизбҳо, созмонҳо, ҷамъиятҳо ва ташкилоти сиёсӣ рӯзи якшанбе бо судури баёнияҳое ҷудогона, мардуми Эрони исломиро ба ҳузури пуршур дар роҳпаймоии 13 обон даъват кардаанд.