Ноябр 05, 2019 14:25 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ: коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон идома дорад

Узви ҳайати назорат бар иҷрои БАРҶОМ дар Эрон гуфт, дар сурати иҷро нашудани тааҳудот дар БАРҶОМ аз сӯи тарафҳои ин тавофуқ, раванди коҳиши тааҳудоти Эрон низ идома хоҳад дошт.

Ба нақл ах Садои Хуросон, Алиакбраи Вилоятӣ мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмиллал ва узви ҳайати назорат бар иҷрои БАРҶОМ дар Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Франс 24 арабӣ афзуд, агар аврупоиҳо ба тааҳудоти худ амал накунанд Эрон гоми чаҳоруми коҳиши тааҳудоти барҷомии худро иҷроӣ мекунад.

Вилоятӣ дар посух ба ин савол, ки оё тарҳи Фаронса барои таъмини хати эътибории 15 миллиард долларӣ барои тазмини бозгашти мабалғи фуруши нафти Эрон ба дохили кишвар бо душворӣ дар иҷро ва тардид ру ба ру шудааст гуфт, мушкили асосӣ ин аст, ки Фаронса ва аврупоиҳое, ки дар БАРҶОМ ҳастанд ба ҳарфҳо ва тааҳудоти худ амал намекунанд.

Узви ҳайати назорат бар иҷрои БАРҶОМ дар Эрон гуфт, фаронсавиҳо бо ин корҳои таблиғотӣ ва сиёсӣ мехоҳанд ба мардуми ҷаҳон ин гуна ҷилва кунанд, ки онҳо ба дунболи амалисозии аҳдофи сулҳомез ҳастанд. Вилоятӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти минтақаи ғарби Осиё ва алоқаи Эрон барои музокира бо ҳамаи кишварҳои ин минтақа гуфт, Эрон барои иртибот бо ҳамаи кишварҳои минтақа аз ҷумла Арабистон ва Иморот ниёз ба восита надорад.

Мушовири раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмиллал бо таъкид бар ин ки Эрон дар умури дохилии ҳеҷ кишваре аз ҷумла Ироқ ва Лубнон дахолат намекунад, афзуд, Арабистон ва Иморот бояд аз дахолат дар кишварҳои минтақа даст бардоранд ва набояд ба онон зулм кунанд. Вилоятӣ ба масоили Яман низ ишора кард ва гуфт, мардуми Яман бояд дар бораи кишвари худашон тасмим бигиранд ва Эрон мухолифи дахолати хориҷӣ дар Яман аст.

Барчасп