Рӯнамоӣ аз насли ҷадиди cентрифугҳо дар муҷтамаи ғанисозии Натанз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48129-Рӯнамоӣ_аз_насли_ҷадиди_cентрифугҳо_дар_муҷтамаи_ғанисозии_Натанз
Бо оғози амалиёти газдиҳии мошинҳои сентрифуги пешрафтаи насли ҷадиди IR6 дар муҷтамаи ғанисозии Натанз (маркази Эрон) гоми тозае дар идомаи пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои дониши ҳастаӣ бардоштааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 05, 2019 15:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз насли ҷадиди cентрифугҳо дар муҷтамаи ғанисозии Натанз

Бо оғози амалиёти газдиҳии мошинҳои сентрифуги пешрафтаи насли ҷадиди IR6 дар муҷтамаи ғанисозии Натанз (маркази Эрон) гоми тозае дар идомаи пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои дониши ҳастаӣ бардоштааст.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энергияи атомии Эрон рӯзи душанбе дар маросими роҳандозии занҷираи 30-тоии сентрифугаи пешрафтаи насли ҷадиди IR6 дар муҷтамаи ғанисозии Натанз гуфт: Ин сентрифугҳо 10 баробари сентрифугҳои насли аввал метавонанд ғанисозии уранро анҷом диҳанд.

Фаъолсозии насли  ҷадиди сентрифугҳои пешрафтаи Эрон дар остонаи поёни фурсати 60-рӯзаи севвум барои таъмини манфиатҳои Эрон аз БАРҶОМ тавассути Аврупо ду паёми рӯшан дорад: Нахуст он, ки нишон медиҳад мутахассисони эронӣ мусаллат ба илми ҳастаӣ шудаанд.

Алиакбари Солеҳӣ рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ гуфт: Эрон барои тавлиди сентрифугҳои ҷадид дигар муҳандисии маъкус намекунад, балки онҳоро худ тарроҳӣ мекунад.

Аммо паёми дуввум ин ҳаракатро мебоист дар ростои силсилавокунишҳои Эрон ба бадаҳдиҳои барҷомӣ, бахусус аз ҷониби аврупоиҳо арзёбӣ кард.

Раиси Созмони энергияи атомии Эрон тасреҳ кард: Коре, ки имрӯз анҷом шуд қарор буд то чор соли оянда иҷро шавад, аммо чолиши сиёсӣ, ки ғарб барои Эрон эҷод кард, боис шуд масъулини аршади низоми Эрон ин тасмимро бигиранд.

Ҷумҳурии исломии Эрон моҳи майи гузашта дар солгарди хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ эълом кард, дар вокуниш ба адами таҳаққуқи ваъдаи кишварҳои боқимонда дар БАРҶОМ барои ҷуброни осори манфии таҳримҳои Амрико ба сурати қадам ба қадам тааҳҳудоти худ ба БАРҶОМро коҳиш медиҳад. Эрон то кунун се гом дар ин ҷиҳат бардошта ва гоми чорумро низ ин ҳафта эълом мекунад.

Меҳдии Фазоилӣ, коршиноси масоили байналмилал мегӯяд: Тасмиме, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ва Шӯрои амнияти миллӣ дар хусуси коҳиши тадриҷии тааҳҳудоти барҷомӣ гирифт, бисёр дуруст, маъқул ва дар чорчӯби БАРҶОМ аст.

Ин таҳлилгари масоили байналмилал дар айни ҳол таъкид мекунад, ки ин коҳиши тааҳҳуддот бояд маънодор бошад, яъне тааҳҳудоте бошад, ки ҳам баргардондани он барои Эрон муфид ва ҳам барои тарафи муқобил ҳушдордиҳанда бошад.

Акнун иқдомоти ҳушдоромези марҳилаии Эрон дар хусуси БАРҶОМ тарафҳои аврупоиро ба вокуниш ба роҳандозии занҷираи сентрифугҳои насли шашум тавассути Созмони энергияи атомии Ҷумҳурии исломии Эрон аз Теҳрон хост, аз гомҳои тақобулии худ сарфи назар кунад.

Дар бахше аз баёнияи Комиссияи Аврупо омадааст: Ба Эрон тавсия мекунем дар тасмими худ барои роҳандозии сентрифугҳо таҷдиди назар карда ва ба мӯҳтавои тавофуқи ҳастаӣ  пойбанд бошад.

Суол ин аст, ки агар Аврупо пойбандӣ ба мӯҳтавои ин тавофуқро муфид ва муҳим медонад, чаро ба тааҳҳудот ва вазифаҳои худ дар ин тавофуқ амал намекунад ва агар ин тавофуқ бад аст, чаро вақте Эрон мехоҳад бар асоси мундариҷоти БАРҶОМ ба бахше аз тааҳҳудоти худ амал накунад, баёнияи сиёсии содир ва Эронро ба пойбандӣ ба тавофуқ тавсия мекунад. Масъала ин аст, ки кишварҳои аврупоӣ хостори ҳифзи БАРҶОМ ҳастанд, аммо мехоҳанд, ки баҳои ҳифзи БАРҶОМро Эрон бо таҳаммули таҳримҳо пардохт кунад.