Ноябр 06, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар бораи коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ

Сафир ва намояндаи Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена гуфт: Гоми чоруми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Ҷумҳурии исломии Эрон дар номае ба иттилои Агентии байналмилалии энергияи атомӣ расид.

Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена афзуд: Дар номаи Эрон ба Агентии байналмилалии энергияи атомӣ тасреҳ шудааст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон аз рӯзи чоршанбе гоздиҳии урани UF6-ро дар сайти "Фурду" оғоз карда ва аз Агентӣ дархост шудааст, то бозрасон барои назорат бар ин фароянд дар соати мушаххасшуда дар таъсисоти ҳастаии "Фурду" ҳузур дошта бошанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи иҷрои гоми чоруми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон дар таъсисоти ҳастаии "Фурду" таъкид кард, ҳамаи тарафҳои барҷомӣ бояд бидонанд, ки Эрон наметавонад якҷониба ба БАРҶОМ пойбанд бошад.

Коҳиши тааҳҳудоти Эрон шомили боло бурдани дарсади ғанисозии уран аз 3, 67 дарсад, афзоиши захираи урани ғанишуда ва таваққуфи тамомии тааҳҳудоташ дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсиа дар БАРҶОМ будааст.

 

Барчасп