Оғози битонрезии воҳиди дуввуми нерӯгоҳи атомии Бушеҳр дар Эрон
Битонрезии воҳиди дуввуми нерӯгоҳи атомии Бушеҳр (ҷануби Эрон) имрӯз бо ҳузури Алиакбари Солиҳӣ раиси Созмони энержии атомии Эрон оғоз мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳмуди Ҷаъфарӣ муҷрии тарҳи нерӯгоҳи атомии Бушеҳр аз се соли пеш оғоз шуд ва инак замони битонрезӣ фаро расидааст.
Ҷаъфарӣ бо баёни ин ки битонрезӣ ба унвони як воқеаи муҳим дар нерӯгоҳҳои атомӣ ба ҳисоб меояд афзуд, нерӯгоҳҳои атомӣ пас аз шуруи битонрезӣ дар рӯйхати нерӯгоҳҳои дар ҳоли сохт қарор мегиранд ва бо шуруи битонрезӣ бақияи мароҳил иҷро хоҳад шуд.
Муҷрии тарҳи нерӯгоҳи атомии Бушеҳри Эрон тасреҳ кард: 8 дарсад аз фаолиятҳои марбут ба воҳиди севвуми нерӯгоҳи атомии Бушеҳр низ анҷом шудааст ва бар асоси барномарезӣ, битонрезии воҳиди севвум 18 моҳи баъд оғоз мешавад.
Ҷаъфарӣ бо ишора ба муддати замони сохти нерӯгоҳи нав гуфт, бар асоси барнома ин ду воҳиди нерӯгоҳӣ бояд дар бозаи замонии 10 сола ва дар чорчуби муқарароти низоми эминии ҳастаӣ сохт ва такмил шавад.
Воҳиди аввал нерӯгоҳи атомии Бушеҳр тавони тавлиди ҳазор мегават барқро дорад, ки бо роҳандозии ин ду воҳиди нав ду ҳазору 114 мегавати дигар ба зарфияти тавлиди барқи Эрон афзуда хоҳад шуд.