Нахуствазири Канада: Ҷаҳон бидуни Амрико ҳам пеш меравад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123072-Нахуствазири_Канада_Ҷаҳон_бидуни_Амрико_ҳам_пеш_меравад
Порс-Тудей. Нахуствазири Канада гуфт, ки нақши Амрико дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз ҳад арзёбӣ шудааст ва бисёре аз масоил бидуни ҳузури Вашингтон низ қобили ҳал аст.
(last modified 2025-11-24T11:04:16+00:00 )
Ноябр 24, 2025 16:02 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Канада: Ҷаҳон бидуни Амрико ҳам пеш меравад
    Нахуствазири Канада: Ҷаҳон бидуни Амрико ҳам пеш меравад

Порс-Тудей. Нахуствазири Канада гуфт, ки нақши Амрико дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз ҳад арзёбӣ шудааст ва бисёре аз масоил бидуни ҳузури Вашингтон низ қобили ҳал аст.

Марк Карни, нахуствазири Канада дар иҷлоси Гуруҳи 20 дар Африқои Ҷанубӣ таъкид кард, маркази сиқли иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳоли фосила гирифтан аз Амрикост ва ҷаҳон метавонад бидуни нақшофаринии ин кишвар низ ба масири худ идома диҳад.

Карни бо ишора ба ғайбати Амрико дар нишасти Жуҳонсбург гуфт, кишварҳои ҳозир, ки намояндаи се-чаҳоруми ҷамъияту тиҷорати ҷаҳон ҳастанд, тасмимоти муҳиме иттихоз карданд ва ин амр нишондиҳандаи тағйири мувозинаи қудрати иқтисодӣ аст.

Нахуствазири Канада таъкид кард, ки кишвараш ба дунболи густариши ҳамкорӣ бо кишварҳое монанди Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ аст ва таҳрими нишаст тавассути Вашингтонро иқдоме зиёнбор барои худи Амрико донист. /Садо ва Симо