Ноябр 13, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Муқовимати мардуми Эрон тавтиаҳои Амрикоро бо шикаст мувоҷеҳ кард

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба тавтиаҳои Амрико барои зарба задан ба мардуми Эрон гуфт: Муқовимати мардуми Эрон тавтиаҳои Амикоро бо шикаст мувоҷеҳ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат афзуд: Мардуми Эрон бо истодагӣ ва муқовимат тавтиаҳои душманонро хунсо мекунанд ва ҳаргиз дар баробари онон таслим намешаванд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо табрики мелоди паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамчунин мелоди Имом Содиқ (а), ба ҳамаи мусалмонон изҳор кард: Дар ҳафтаи ваҳдат ҳамонр тавр, ки ҳазрати Муҳаммад (с) бояд улгуи ваҳдат барои ҳамаи мусалмонон бошад, Имом Содиқ (а) ҳам бояд улгуи ваҳдат барои мусалмонон бошад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки Имом Содиқ (а) имоми рӯшангарӣ ва табйини ҳақоиқ барои дунёи ислом ва ҳаракати бузурги илмӣ дар ҷаҳон буд, тасреҳ кард: Улуми химия, физика, табиатшиносӣ ва фалсафа дар мактаби Имом Содиқ (а) будааст.

17-уми рабийулаввали соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 15-уми ноябри 2019 солрӯзи мелоди ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) паёмбари гиромии ислом ва солрӯзи мелоди Имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.

 

Барчасп