Ноябр 13, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Қудрати иттилоотии Эрон сабаби ҳароси душманон шудааст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қудрати иттилоотии Эронро сабаби ҳарос аз душманон донист.

Сарлашкар Ҳусейни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таъкид бар лузуми шинохти амалиёти равонии душман тасреҳ кард: Иқтидори иттилоотӣ асли боздорандае аст, ки ҳазинаҳои бархӯрдро коҳиш медиҳад ва зомини амният ва оромиши ҷомеа аст.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 14-уми октябр "Рӯҳуллоҳи Зам", аз саршохаҳои расонаии душман ва саршабакаи сайти  "Омад нюз"-ро дар амалиёте ҳушмандона дастгир кард.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин амалиёт бо ба кор гирифтани равишҳои навини иттиилоотӣ, сервисҳои бегонаро мудирият ва фиреб дод ва "Рӯҳуллоҳи Зам"-ро ки дар солҳои ахир бо ҳидоят, таъмин ва пуштибонии мустақими онон амалиёти равонии густурдаеро барои ихтилофафканӣ дар аркони низоми исломиро идора мекард, боздошт кард.

 

Барчасп