Ноябр 14, 2019 17:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Фаластин ва Қудс муҳиммтарин мавзӯи ҷаҳони Ислом аст

​​​​​​​Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаластин ва Қудси шарифро муҳиммтарин мавзӯи ҷаҳони Ислом донист ва гуфт, афкори умумии ҷаҳони Ислом ба душманон иҷоза нахоҳад дод, ки мавзӯи Фаластин ва Қудси шариф ба фаромӯшӣ супурда шавад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими ифтитоҳияи 33-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон бо ишора ба нокомии сиёсатҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ дар сояи бедорӣ ва ҳушёрии дунёи Ислом, тасреҳ кард, куштори мардуми Афғонистон, куштори мардуми Ироқ ва мардуми мазлуми Яман ва эҷоди ихтилоф ва тафриқа дар кишварҳои исломӣ, аз осори тавтеаҳои шуми Амрико дар минтақа будааст. Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки Фаластин бояд ба дасти фаластиниҳо ва мусалмонони қаҳрамони ҳамин минтақа озод шавад, афзуд, насли ҷавонон бояд дарк кунанд, ки Амрико ба унвони дӯсти миллатҳои минтақа ва мусалмонон набуда ва нахоҳад буд ва ҳалли масоили минтақа бояд тавассути мардум ҳалу фасл шавад.

Раисиҷумҳури Эрон бо ибрози таассуф аз созиши бархе кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ ва истифода аз имконоти иттилоотии ин режим, зидди миллатҳои мусалмон ва ҷараёни муқовимат таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафи муқаддами муқобила бо режими саҳюнистӣ ва Амрико дар дифо аз мардуми Фаластин аст”. Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин дар ин маросим аз 12 унвон китоби баргузидаи Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ рӯнамоӣ кард.

33- умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо шиори "Ваҳдати уммати Ислом дар дифоъ аз Масҷидулақсо" имрӯз (панҷшанбе) бо ҳузур 400 нафар аз шахсиятҳои сиёсӣ, андешмандон ва донишгоҳиён аз 90 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва то шанбе идома дорад.

 

Барчасп