Мувофиқати раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон
(last modified 2019-11-14T13:03:04+00:00 )
Ноябр 14, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон

Ба муносибати моҳи рабеъ-ул-аввал ва фаро расидани милод бо саодати ҳазрати Муҳаммад (с) ва имом Ҷаъфари Содиқ (а), раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо пешниҳоди афв ва тахфифи муҷозоти шуморе аз маҳкумон мувофиқат карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳуҷҷатулислом валамуслимин Саидиброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносибати милоди Паёмбар (с) ва имом Ҷаъфари Содиқ (а), тайи номае ба раҳбари Инқилоби Исломӣ пешниҳоди афв ва тахфифи муҷозоти 3552 нафар аз маҳкумонро, ки дар комиссияи марбут, воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод мавриди мувофиқати раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ қарор гирифт.