Ноябр 15, 2019 17:12 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои як эронӣ дар Амрико

Вазорати додгустарии Амрико эълом кард, як эронӣ ба иттиҳоми нақзи таҳримҳои Амрико зидди Эрон ба 46 моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҷон Димерз, дастёри додситони кулли Амрико рӯзи панҷшанбе дар баёнияе иддао кард, Беҳзоди Пурқаннод аз ширкатҳои сурӣ барои содироти алёфи карбон (carbon fibers) ба Эрон истифода кард, ки ин иқдом нақзи таҳримҳои Амрикост. Ӯ муддаӣ шуд, Эрон аз алёфи карбон барои пешбурди барномаҳои ҳастаӣ, низомӣ ва фазоии худ истифода мекунад. Амрико иддао кардааст, ки Пурқаннод ва ду нафари дигар, ки дар Эрон зиндагӣ мекунанд, аз соли 2008 то 2013 барои хариди алёфи карбон дар Амрико ва интиқоли он ба Эрон аз тариқи кишварҳои дигар иқдом кардаанд.

Олмон Пурқаннодро боздошт ва июли гузашта ба Амрико истирдод кардааст.

Амрико соли гузашта низ Масъуди Сулаймонӣ, устоди эронӣ ва яке аз 100 донишманди бартари ҷаҳонро, ки бо даъвати расмии Муассисаи “Mayo Clinic” (аз муассисоти машҳури илмӣ дар Амрико ва ҷаҳон) вориди ин кишвар шуда буд, бо иттиҳомҳои воҳӣ боздошт кардааст.

 

Барчасп