Зариф: ДИИШ таҳдиде барои минтақа Осиёст
(last modified Fri, 15 Nov 2019 12:20:48 GMT )
Ноябр 15, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Зариф: ДИИШ таҳдиде барои минтақа Осиёст

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, авомили ДИИШ дар Афғонистон амалиётҳоеро дар Тоҷикистон ва Арманистон иҷро кардаанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони "India Today” афзуд, гурӯҳи террористии ДИИШ фақат таҳдиде зидди як кишвар нест, балки таҳдиде барои кулли минтақа аст. Вазири хориҷаи Эрон тасреҳ кард, ДИИШ таҳдиде зидди Ҳинд, Покистон, Русия ва Чин аст ва ин кишварҳо бояд дар мубориза бо ин гурӯҳи террористӣ муттаҳид шаванд. Зариф гуфт, ин гурӯҳи террористӣ дар ҳоли интиқоли пойгоҳҳои худ аз Ироқу Сурия ба Афғонистон аст ва манотиқе дар Афғонистон вуҷуд дорад, ки мояи нигаронии ҳама кишварҳост, аз ин рӯ бозгашти ДИИШ таҳдиде зидди Эрон, Ҳинд ва Покистон маҳсуб мешавад.

Ҳиллари Клинтон, вазири хориҷаи вақти Амрико дар китоби хотироти худ навиштааст, “Толибон”, “Алқоида” ва ДИИШ-ро Амрико эҷод кард. Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрико ҳам пештар дар мунозираҳои интихоботӣ эълом карда буд, Барак Обама ва Ҳиллари Клинтон дар эҷоди ДИИШ нақш доштаанд.