“Нэйшнл интерест”: Эрон ҷангандаи мушобеҳи F-5 сохтааст
(last modified Fri, 15 Nov 2019 13:57:28 GMT )
Ноябр 15, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • “Нэйшнл интерест”: Эрон ҷангандаи мушобеҳи F-5 сохтааст

Нашрияи амрикоии “Нэйшнл интерест” аз пешрафтҳои Эрон дар сохти ҷетҳои ҷанганда таҷлил кард.

“Нэйшнл интерест” навишт, Эрон акнун ба тавлиди ҳавопаймоҳои ҷадид машғул шудааст ва пешрафтҳои зиёде дар ин замина касб карда ва то ҳадди зиёде дар тавлиди ҷанганда ба худкифоӣ расидааст. Ин нашрия меафзояд, муҳимтарин ҳавопаймои ҷангии сохти Эрон “Соиқа” аст, ки дар ин ҳавопаймо аз баданаи ҳавопаймои Эф-5 истифода шудааст. Бар асоси ин гузориш, ҳавопаймои ҷангии “Соиқа” эҳтимолан 10 то 15 дарсад бузургтар аз ҳавопаймоҳои Эф-5 аст ва аз ҳамон мотору электроникаи парвози ҳавопаймои F-5 баҳра мебарад. Ин ҳавопаймо ҷадидтарин беҳинасози ҷангандаи Эф-5-и амрикоӣ аст. Ин нишон медиҳад, ки пушти кори Эрон дар тавлиди ҳавопаймоҳои дохилӣ раванди тӯлонимуддат аст, ки ҳадаф аз он расидан ба худкифоии ниҳоӣ аст.

Эрон дар амал нишон додааст, ки дар тавлиди силоҳ ба пешрафти чашмгире расидааст.