Генерал Сабоҳифард: Душманон дар сурати тавтеа алайҳи Эрон пушаймон хоҳанд шуд
(last modified Fri, 22 Nov 2019 12:57:25 GMT )
Ноябр 22, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Генерал Сабоҳифард: Душманон дар сурати тавтеа алайҳи Эрон пушаймон хоҳанд шуд

Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки душманон дар сурати тавтеа алайҳи Эрон пушаймон хоҳанд шуд, гуфт, душманон медонанд, ки вурудашон ба фазои Эрон бар уҳдаи худашон аст, аммо хурӯҷашон қатъан бо онҳо нахоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, генерал Алиризо Сабоҳифард, фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар марҳалаи ниҳоии размоиши муштараки падофанди ҳавоии «Мудофеони осмони вилоят-98» дар Симнон гуфт, нерӯи падофанди ҳавоии Эрон дар ин размоиш муваффақ шуда, тамоми аҳдоферо, ки вориди осмони минтақаи размоиш шуд, муқтадирона мунҳадим кунад ва иҷозаи баргашт ба онҳо надиҳад. Сабоҳифард афзуд, ҳар ҳадаф ва паҳподе, ки вориди минтақаи размоиш шуд, бо ҳушёрӣ ва оташи сомонаҳои падофандии бумӣ лошаи он бар рӯй замин боқӣ мондааст.

Размоиши муштараки падофанди ҳавоии «Мудофеони осмони вилоят-98» дар минтақаи умумии Симнон, шарқи устони Теҳрон аз рӯзи гузашта бо ҳадафи иртиқои омодагии размӣ, ҳамафзои тавони падофанди ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар шароити наздик ба разми воқеӣ ва дар минтақае ба вусъати 416 ҳазор километри мураббаъ, дар минтақаи умумии Симнон оғоз шуд. Дар ин размояш анвои сомонаҳои бумии мушакӣ ва радарии иртифоъпаст, мутавассит ва баланд ба амалиёти муқобила бо анвои таҳдидоти ҳавоӣ хоҳанд пардохт. Ин размоиш шабеҳсозии минтақаи умумии Халиҷи Форс, бахусус тангаи Ҳурмуз аст.