Ноябр 23, 2019 12:24 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Озарии Ҷаҳрумӣ ба таҳрими Амрико; Вашингтон наметавонад тавсиъаи Эронро мутавақиф кунад

Вазири иртиботот ва фановарии иттилооти ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба қарор гирифтани номаш дар феҳристи таҳримҳои Амрико таъкид кард, Вашингтон наметавонад тавсиъаи Эронро мутавақиф кунад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф дар ТВИТТЕР бо баёни ин,ки вай танҳо узви бошгоҳи таҳримҳо нест, тасриҳ кард пеш аз ӯ эсторти обҳо, тавсиъадиҳандаҳо, беморони саратонӣ ва кудакони EB  аз суи Амрико таҳрим шудаанд.

Озарии Ҷаҳрумӣ дар идома тасриҳ кард, вай ба ҳимоят аз дастрасии озод ба ИНТЕРНЕТ идома хоҳад дод.

Бемории Парвонаӣ ё ( Epidermolysi bullosa) ки ба EB шинохта мешавад, бемории ирсӣ аст,ки дар пуст ва ғашои махотӣ обла эҷод мекунад ва афроди дучори ин беморӣ дар маърази саратони пуст ҳастанд.

Сайид Ҳамидризо Ҳошимии Гулпойгонӣ мудири хонаи EBи Эрон ахиран эълом кард, токунун 15 кудаки эронӣ мубтало ба бемории Парвонаӣ ба далели таҳримҳои доруии Амрико,ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи ҷумъа дар идомаи эътиёди давлати ин кишвар ба таҳрим, вазири иртиботот ва фановарии иттилооти Эронро дар феҳристи афроди таҳримшудаи худ қарор дод.

Вазорати хазонадории Амрико, Озарии Ҷаҳрумиро ба баҳонаи ончи,ки сонсур ва қатъи дастрасии ИНТЕРНЕТ хонд, таҳрим кардааст.

Мақомоти амрикоӣ дар рӯзҳои ахир талош кардаанд қатъ шудани ИНТЕРНЕТ дар Эронро талоше барои нарасидани садое ба истилоҳ муътаризон ба хориҷ аз кишвар ҷилва диҳанд. Ин дар ҳоле аст,ки Шӯрои олии амнияти Эрон сирфан ба далели собиқаи дахолатҳои сервисҳои иттилоотии бегонагона ба вижа сервисҳои иттилоотии Амрико ва режими Саҳюнистӣ дар ҷараёни ошубҳои гузашта ( мушахасан фитнаи 88 ва иғтишошот 10 дей моҳи 96 ) тасмим ба қатъи ИНТЕРНЕТ ба сурати муввақат гирифт то нерӯҳои иттилоотии ин режим натавонанд бо суистифода аз шароити мавҷуд, ҳадафҳои худро дар Эрон пайгирӣ кунанд.

Бо иҷроии тарҳи боло шудани нархи бензин дар Эрон аз бомдоди рӯзи ҷумъа, дар бархе шаҳрҳои Эрон эътирозҳои пароканда шакл гирифт. Ин эътирозҳо дар бештари нуқтаҳо мусолиматомез буд аммо дар бархе маконҳо бо суистифодаи шуморе 6авбош аз мутолиботи мардум ба бероҳа рафт.

Мардуми Эрони исломӣ дар рӯзҳои ахир бо баргузории роҳпаймоии худҷуш дар шаҳрҳои мухталиф, иғтишошот ахирро маҳкум карданд.

Барчасп