Ноябр 27, 2019 10:59 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо раиси дафтари сиёсии Толибон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа дар идомаи талошҳои Эрон барои бозгашти сулҳ ба Афғонистон, бо Мулло Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон ва ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, дар идомаи дидорҳои масъулон ва намояндаи вижаи вазири умури хориҷа бо мақомоти мухталифи Афғонистон аз ҷумла раисиҷумҳурӣ, раиси ҳайати иҷроӣ, ҳайати сулҳ, раҳбарони ҷиҳодӣ ва шахсиятҳои муассир дар Афғонистон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа бо Мулло Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон ва соири аъзои дафтари сиёсӣ ва ҳайати музокиракунандаи Толибон дар Теҳрон дидор кард.

Вазири умури хориҷа дар ин дидор бар омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мусоидат ба шаклгирӣ ва тақвияти гуфтугӯҳои байни афғонӣ бо мушорикати давлат ва тамоми нирӯҳои муассири сиёсӣ таъкид кард.

Зариф ҳамчунин аз омодагии Эрон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишвар ва мардуми Афғонистон бар асоси манофеи муштараки ҳамсоягӣ хабар дод.

Ин дидор дар масири талошҳои Ҷумҳурии исломӣ барои бозгашти сулҳ ва субот ба Афғонистон анҷом шуд ва муҳиммтарин ҳадафи он, тарғиби тарафҳои афғон ба гуфтугӯ, ҳимоят аз тамоми нирӯҳои афғон барои ёфтани фасли муштараки ҳамкорӣ дар берун рафтани нирӯҳои хориҷӣ ва амнияти Афғонистон пас аз хурӯҷи нирӯҳои хориҷӣ эълом шудааст.  

 

Барчасп