Ноябр 28, 2019 16:15 Asia/Dushanbe
  • Сардор Саломӣ: Эрон имрӯз дар ҷаҳон медурахшад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз қалб ва мағзи таҳаввулоти сиёсӣ ва мусаллат ба майдони амалиётӣ аст ва дар ҷаҳон медурахшад.

Сардор сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ имрӯз (панҷшанбе) дар гирдиҳамоии 10 ҳазорнафарии басиҷиёни устони Ҳамадон, (ғарби Эрон) бо баёни инки миллати Эрон огоҳ аст ва ба ҷуз истиқлол нусхае намепазирад, гуфт: “Дар арсаи ҷанги иқтисодии душман дар рӯёиши шикастани рӯҳи иқтисодии миллати Эрон ва тарвиҷи тамоюл ба таслимро дар дастури кор қарор дода ва фикр мекард, таҳримҳо ин миллатро аз по дар меоварад, аммо мағлуби мардуми Эрон шуд”.

фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ афзуд, миллати Эрон, миллати ҳунарманд дар шикаст додани душманон аст ва душманонро дар ҳар миқёсе мешиканад.

Сардор Саломӣ бо таъкид бар инки имрӯз Амрико як низоми фарсуда ва дорои алзаймир(Alzheimer)-и сиёсӣ аст, изҳор дошт, низоми сиёсии Амрико дар садади таҳқир ва ақиб нигаҳ доштани миллатҳост ва бо таомул, бо он давлати хабис наметавон ба пешрафт ва ифтихорофаринӣ расид.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо таъкид бар инки басиҷиён пешмаргони миллати Эрон ҳастанд, хотирнишон кард, басиҷ эъҷози илоҳӣ, маҳсули илҳоми илоҳӣ бар қалби имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Инқилоби Исломӣ ва шаҷараи тайбае аст, ки тавассути раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар аъмоқи қалб ва ҷони миллати Эрон, ҷой гирифтааст.

 

Барчасп