Декабр 04, 2019 13:01 Asia/Dushanbe
  • Эрон мухолифи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар минтақаи ғарби Осиёст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки сиёсатҳои Амрико решаи ташдиди таниш дар ғарби Осиёст гуфт: Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин минтақа ба тақвияти субот, амният ё сулҳ дар ин минтақа кӯмак нахоҳад кард.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Токио сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии NHK-и Ҷопон, ки имрӯз (чоршанбе) пахш шуд афзуд: Эрон бо тарҳи Ҷопон барои эъзоми нерӯ ба Ховари Миёна барои он, чи ки кӯмак ба тазмини эминии киштиронӣ барои шиноварҳои тиҷорӣ хондаишуда мухолиф аст.

Ироқчӣ ҳамчунин бо ишора ба дидори рӯзи гузаштаи худ бо Абе Синдзо, нахуствазири Ҷопон тасреҳ кард: Мавзеи Эрон дар бораи ҳузури нерӯҳои низомии Ҷопон дар минтақаи ғарби Осиё, ба Абе Синдзо низ иблоғ шудааст.

Ироқчӣ бо ишора ба БАРҶОм гуфт: Дар сурати лағви таҳримҳо, Эрон омодагӣ дорад ба иҷрои комили БАРҶОМ бозгардад.

 

Барчасп