Ироқчӣ: Ибтикори Ҳурмуз гоме дар ҷиҳати коҳиши танишҳои минтақа аст
Сайидаббоси Ироқчӣ имрӯз (панҷшанбе) дар дидори Холид Ҷоруллоҳ, қоиммақоми вазорати хориҷаи Кувейт бар азми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибот бо кишварҳои минтақа таъкид кард.
Муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи афзуд, Эрон қоил ба ҳамкории ҷамъӣ, тавассути кишварҳои минтақа барои таъмин амният буда ва гуфтугӯро ягона роҳи ҳалли расидан ба ин ҳамкорӣ ва ғалаба бар мушкилот медонад.
Ироқчӣ бо ташреҳи усул ва аҳдофи пӯиши сулҳи Ҳурмуз (умед), ки аз сӯи раисиҷумҳури Эрон дар иҷлоси ахири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа шуд, гуфт, ин ибтикор чорчӯби муносиберо барои кишварҳои минтақа дар ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва иртиқои ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба ба вуҷуд меоварад. Вай бар омодагии Эрон барои ёфтани созу корҳои иҷроии он бо ҳамаи кишварҳои минтақа таъкид кард.
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон роҳи ҳалли сиёсӣ ва музокира байни ҷараёноти мухталифи яманиро танҳо роҳи хотимаи ҷанг дар Яман донист ва аз музокироти мавҷуд миёни Давлати наҷоти миллии Яман ва соири тарафҳо истиқбол кард.
Ироқчӣ бо қадрдонӣ аз талошҳои амири Кувайт дар таҳкими гуфтугӯ дар минтақа хотирнишон кард, гуфтугӯ танҳо роҳи ҳалли мушкилоти минтақа аст.
Холид Ҷоруллоҳ, қоиммақоми вазорати хориҷаи Кувейт низ дар ин дидор бо истиқбол аз истимрори ройзаниҳои ду кишвар, ба раванди таҳаввулоти минтақа ишора кард ва бар эҳтимоми кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба талош барои коҳиши танишҳо таъкид кард. Вай ҳамчунин бар лузуми тавсеаи муносибот фимобйн таъкид кард.