Декабр 08, 2019 15:06 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи беш аз 16 ҳазор довталаби намояндагии Маҷлиси Шурои исломии Эрон

Раиси ситоди интихоботи Эрон аз сабти номи беш аз 16 ҳазор нафар барои номзадии намояндагии Маҷлиси Шурои исломии Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷамол Урф раиси ситоди интихоботи Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, номнависии 15 ҳазору 618 номзади намояндагии Маҷлиси Шурои исломӣ ниҳоишуда, ки бо дар назар гирифтани ашхосе. ки дастӣ сабти ном карданд, ин омор ба 16 ҳазору 145 довталаб афзоиш меёбад.

Урф бо баёни ин ки 88 дарсади сабтиномкунандагон мард ва 12 дарсад зан ҳастанд афзуд, се ҳазору 209 нафар аз довталабони намояндагии Маҷлиси Шурои исломии Эрон байни 36 то 40 сол ва ду ҳазору 837 нафар низ 42 то 45 сола ҳастанд.

Раиси ситоди интихоботи Эрон гуфт, аз имрӯз раванди таини салоҳияти довталабони намояндагии Маҷлиси Шурои исломии Эрон оғоз мешавад.

Номнависӣ аз довталабон ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон аз якуми декабр оғоз шуд ва ҳафтуми декабр поён ёфт.

21 феврали 2020 интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар 208 ҳавзаи интихобия барои интихоби 290 намояндаи маҷлис баргузор мешавад.