Декабр 09, 2019 22:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Музокирае, ки мунҷар ба шикастани нақшаи душман шавад, зарурист

Раисиҷумҳур гуфт, воқеиятҳоро баён ва интиқод кунем, аммо барчасб назнем ва нақди донишҷӯ бояд, бемуҳобо ва дар айни ҳол бо мӯҳтаво бошад.

   Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷамъи донишҷӯёни Донишгоҳи фарҳангиён ба муносибати Рӯзи донишҷӯ бо таъкид бар инки давлат бидуни ишкол ва эрод нест ва аз интиқоди созанда истиқбол мекунад, гуфт, қудрат бояд нақд шавад, чун агар нақд нашавад, эҳтимоли инҳироф дорад ва кишвар донишҷӯе мехоҳад, ки бо сароҳат ва шаҳомат ҳарф бизанд ва масъулонро нақд кунад.

   Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки донишгоҳ ва донишҷӯ ҳатман бояд изҳори назар кунад ва ҳатман низом ба донишҷӯ эътимод ва эҳтиром кунад, тасреҳ кард, ҳамаи донишҷӯён бояд бо баёни сареҳ, хуб, равшан ва шуҷоона матолиби худро баён кунанд ва мо ба думболи чунин донишҷӯе ҳастем, ки бо сароҳат дар баробари касоне, ки масъулият доранд, матолиб ва интиқодоти худро матраҳ кунанд.

   Вай бо таъкид бар инки дар ҳамон 100 рӯзи ибтидои давлати ёздаҳум буд, ки аввалин тавофуқ бо 5+1 ва 6 қудрати ҷаҳонӣ ба сурати тавофуқи муваққат анҷом, тасвиб ва эълом шуд, таъкид кард, ҳатто ҳаққи ғанисозии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони муҳиммтарин дастовард дар он тавофуқи муваққат ба расмият шинохта шуд, чаро, ки то он рӯз ба далели қатъномаҳои Шӯрои амният, ғанисозии кишварро ба расмият намешинохтанд, аммо эълом карданд, ки Эрон ҳаққи ғанисозӣ дорад ва ин бузургтарин дастоварди 100 рӯзи аввал буд.

   Раисиҷумҳур дар идома бо ишора ба шароити имрӯзи кишвар, гуфт, дар шароити осоне қарор надорем ва шароит сахт аст, аммо муқассир мо нестем, мо тавофуқро ба ҳам назадем ва тақрибан ҳамаи кишварҳои дунё ба ҷуз чанд кишвар, Амрикоро муқассир медонанд ва иҷмои байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки Амрико ин шароитро барои тавофуқи БарҶом эҷод кардааст. Вай дар посӯх ба интиқоди яке аз донишҷӯён дар хусуси эътимоди давлат ба Амрико, гуфт, мо ба Амрико эътимод накардем ба ҳамин хотир гуфтем, ки тавофуқро баъд аз тасвиб дар СММ мепазирем ва имзо мекунем, мо кори худро дуруст анҷом додем. Раисиҷумҳур афзуд, бубинед, имрӯз Амрико чиқадар аз БарҶом асабонӣ аст, муовини вазири хориҷаи ин кишвар ахиран гуфтааст, ки БарҶом-ро бояд аз байн бибарем, зеро бо вуҷуди БарҶом, чанд моҳ баъд хариду фурӯши таслиҳот барои Эрон озод мешавад ва ин кишвар метавонад аз Чин, Русия ва Аврупо силоҳ бихарад ва ба ҳамаи кишварҳо силоҳ бифурӯшад.

   Вай идома дод, вазири хориҷаи Амрико асабонӣ аст ва мегӯяд, чаро аврупоиҳо дар муқобили Эрон, ки ба тааҳҳудоти худ амал намекунад, иқдоме намекунанд ва ин нишон медиҳад, ки БарҶом ба нафъи мо будааст ва мо кори худро дуруст анҷом додаем. Раисиҷумҳур бо таъкид бар инки БарҶом на муқаддас аст ва на лаънатӣ, гуфт, БарҶом як қарордоди байналмилалӣ аст, ки бояд талош кунем аз мазояди он истифода кунем, раисиҷумҳур таъкид кард, душман ба дунболи ин аст, ки ба мардуми мо фишор ворид кунад, мардуми истодагӣ ва муқовимат мекунанд, аммо маънояш ин нест, ки агар роҳе дорем, ки нақша ва тавтеаи душманро бишиканем, он роҳро наравем. Музокира лозим ва як кори инқилобӣ аст. Вай бо баёни инки ҳама бояд бо ҳам бошем, гуфт, интихоботи пеши рӯи мост, фазоро ором кунем ва ҳама дар интихобот фаъол шавем, донишҷӯён ва донишгоҳиён дар ин замина вазифаи муҳимме бар ӯҳда доранд.

  Раисиҷумҳур гуфт, мавзӯи PMD, ки иттиҳоми бузург алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, дар БарҶом ҳал шуд ва Ожонси байналамилалии энержии атомӣ эълом кард, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон сулҳомез буда ва ин як дастоварди ҳуқуқии бузург барои кишвар буд. Раисиҷумҳур бо ишора ба инки набояд мункири ин шавем, ки эродот ва ишколоте вуҷуд дорад, аммо ин тавофуқ ба нафъи кишвар буд, гуфт, қабл аз БарҶом содироти нафти Эрон як миллион бушка буд, аммо баъд аз БарҶом ба 2 миллиону 800 ҳазор бушка афзоиш ёфт, ки то қабл аз таҳримҳои ахир Амрико алайҳи Эрон дар соли 97 ин содироти нафт идома дошт.

   Раисиҷумҳур дар бахши дигаре аз суханони худ ба мавзӯи ислоҳи қимати бензин ишора ва бо таъкид бар инки қонун моро муваззаф мекунад қимати ҳомилҳои энергиро афзоиш диҳем, гуфт, бо ин тасмим барои бензин ба думболи контрол масраф будем.

   Масрафи бензин дар кишвар дар соли 97, 11 дарсад афзоиш ёфта буд ва пешбинӣ ин буд, ки имсол низ 10 дарсад афзоиши масраф дошта бошем, ки агар бо ҳамин раванд идома меёфт дар соли 1400 дубора ба воридкунандаи бензин табдил мешудем.

   Вай ёдовар шуд, дар мавриди даромади ҳосил аз афзоиши баҳои бензин низ ба рағми ниёзи давлат, ҳамаи даромади ҳосиларо ба худи мардум бармегардонем ҳар чанд, ки тибқи қонун иҷозаи ин иқдомро надорем, аммо бо муҷаввизи мақоми муаззами раҳбарӣ ин корро кардем ва пули ҳосил аз афзоиши қимати бензинро ба ақшори заиф, ки мушкили маишатӣ доранд, бармегардонем. Раисиҷумҳур хотирнишон кард, дар ин давлат тавлиди бензин дар кишвар ду баробар шудааст ва мо аз тавлиди рӯзона 52 миллион литр дар кишвар ба 107 миллион литр расидем, ки то охири сол ин рақам ба 110 миллион литр дар рӯз хоҳад расид.

   Раисиҷумҳур изофа кард, донишҷӯи ситорадор(донишҷӯе, ки парвандаи сиёсӣ дорад), яке аз муъзалот буд ва дар оғози давлати мо ҳама эътироз мекарданд, ки чаро ин муъзал ҳал намешавад. Имрӯз вазири улум эълом мекунад, ки мо донишҷӯи ситорадор надорем ва ин як иқдоми муҳим ва бузург аст.