Декабр 10, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • ВУХ-и Эрон: Мусофирони эронӣ феълан ба Фаронса сафар накунанд

Вазорати умури хориҷии Эрон дар пайи эътисоботи умумии ахир дар Фаронса аз эрониёне, ки қасди азимат ба ин кишварро доранд, хост, барномаи сафарашонро ба замони дигаре мавкул кунанд.

Дар паёми ҳушдори Вазорати умури хориҷии Эрон омадааст: «Бо таваҷҷуҳ ба эътирозоти мустамари мардумӣ дар Ҷумҳурии Фаронса тайи як соли ахир ва назар ба эътисоботи умумии ду рӯзи гузашта ва ба хушунат кашида шудани ин эътирозот дар шаҳрҳои мухталифи он кишвар, бавижа Париж ба мусофирон ва ҷаҳонгардони эронӣ ба таври ҷиддӣ тавсия мешавад, ба манзури ҳифзи амният ва саломати худ барномаи сафар ба Ҷумҳурии Фаронсаро ба замони дигаре мавкул кунанд».

Эътирозҳо дар Фаронса дар ибтидо дар вокуниш ба сиёсатҳои иқтисодии Эммануэл Макрон, раисҷумҳури ин кишвар, бавижа дар ҳавзаи сӯхт ва молиёт оғоз шуд, аммо ба суръат ҷанбаи сиёсӣ ёфт. Муътаризони фаронсавӣ, ки худро ҷалиқазардҳо номидаанд, сиёсатҳои Макронро сабаби ташдиди фишорҳо бар шаҳрвандони фаронсавӣ дониста ва хостори барканории вай ҳастанд.

 

Барчасп