Дафъи ҳамлаи сайберии созмонёфта ба зерсохтҳои Эрон
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон аз дафъи ҳамлаи сайберии созмонёфта ба зерсохтҳои кишвар хабар дод.
Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳрамӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, як ҳамлаи бисёр бузурги созмонёфтаи ҳукуматӣ зидди зерсохтҳои давлати электронии Эрон шиносоӣ ва дафъ шуд.
Озарии Ҷаҳрамӣ афзуд, ҷузъиёти бештар дар ин бора ба зудӣ эълом хоҳад шуд.
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар бораи шабакаи миллии иттилоот низ гуфт, шабакаи миллии иттилоот бо интернети миллӣ тафовут дорад ва касоне, ки аз лафзи интернети миллӣ истифода мекунанд, ҳадафашон тахриби дастоварди ҷавонони эронӣ аст.
Озарии Ҷаҳрамӣ гуфт, бо хуруҷи ғайримутааҳҳидонаи Амрико аз БарҶом ва таҳдиди кишварҳои мухталиф, ҳудуди 9 моҳи пеш бисёре аз ширкатҳои ироадиҳандаи хадамот абрӣ, хадамотдиҳӣ ба ширкатҳои эрониро мутаваққиф ва эпликейшнҳои эрониро аз гӯшиҳо ҳазф карданд ва хадамоти пардохтро ба ширкатҳои эронӣ намедиҳанд.
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон афзуд, шабакаи миллии иттилооти Эрон бо ҷидият дунбол мешавад.