Посухи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба номаи як духтари ҷавон дар бораи вуруд ба арсаи таклифи илоҳӣ
(last modified 2019-12-17T11:39:11+00:00 )
Декабр 17, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • Посухи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба номаи як духтари ҷавон дар бораи вуруд ба арсаи таклифи илоҳӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба номаи як духтари ҷавон дар бораи мавъиди таклифи илоҳӣ вуруд ба ин водиро табрик гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба номаи як духтари ҷавон дар бораи мавъиди таклифи илоҳӣ вуруд ба ин водиро табрик гуфта ва тавсияҳое барои духтарону писароне, ки ба ин арсаи таклифи илоҳӣ ворид мешаванд, баён доштанд.

Матни посухи раҳбари Инқилоби Исломӣ ба шарҳи зер аст: “Духтари хубам! Ворид шудан ба водии таклифи илоҳӣ бар Шумо муборак бод. Шумо акнун мухотаби Худои бузург ва меҳрубон мебошед ва ин шарафи азимест. Саъй кунед, дастуроти Худоро ёд бигиред ва ба он амал кунед. Ин шуморо хушбахт ва арзишманд ва муфид барои дигарон хоҳад кард. Раҳбарони ислом, яъне пайғамбар ва аиммаи маъсумин алайҳум ассалом беҳтарин пешвоёнанд. Саъй кунед, онҳоро бишносед ва пайравӣ кунед. Дарс хондан ва таҳзиби ахлоқу ҳушёрии сиёсӣ ҳамроҳ бо талошҳои инқилобӣ вазоифе ҳастанд, ки духтарону писарони ин насл бояд онҳоро ҳаргиз фаромӯш накунанд. Ман солгарди мукаллаф шудани Шуморо табрик мегӯям ва барои Шумо дуо мекунам”.