Декабр 19, 2019 19:30 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари расонаи саҳюнистӣ дар мавриди парвози бомбафканҳои Русия бар фарози Эрон

Вазорати дифои Русия хабари як расонаи саҳюнистиро мабни бар парвози бомбафканҳои он кишвар бар фарози Эрон, тақалубӣ хонд.

Ба гузориши РИА Новости, вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, иттилооти мунташир шуда дар пойгоҳи интернетии “DEBKAfile” дар бораи ин, ки бомбафканҳои дурпарвози Ту- 22 Русия аз ҳарими ҳавоии Эрон истифода кардаанд, беасос аст ва бо воқеият мутобиқат надорад.

Пойгоҳи интернетии саҳюнистии “DEBKAfile”муддаӣ шуда буд, ки бомбафканҳои дӯрпарвози русӣ аз ҳарими ҳавоии Эрон барои парвоз ба сӯи Сурия ва анҷом додан маъмурият дар осмони ин кишвари истифода мекунанд ва Русия ин иқдомро дар посух ба ҳамкории нируи ҳавоии Амрико ва Исроил анҷом додааст.

Бомбафкани дурбурди Ту-22 М бо тавони ҳамли 24 тон анвои бомб ва мушак, бурди парвозии зиёд ва сомонаи пурқудрати ихлолгари системаи радарӣ дар даврони Шӯравӣ, сохта шудааст ва то 2,2 баробари савт суръат дорад.

Русия ду соли пеш аз ин ҳавопаймоҳо барои ҳамалоти ҳавоӣ ба махфигоҳҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия истифода кард.

 

Барчасп