Декабр 23, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Бонуи бозигари эронӣ ғолиби ҷашнвораи филми Фаронса

Элнози Шокирдӯст бонуи бозигари эронӣ дар ҷашнвораи филми сиёсии Карасони Фаронса аз бозигарони филмҳои ҷаҳонӣ пешӣ гирифт.

Ба нақл аз Спутник, Элнози Шокирдӯст бо бозӣ дар нақши Фоиза дар филми "Шабе, ки моҳ комил шуд" ба коргардонии Наргиси Обёр пас аз дарёфти симурғи беҳтарин бозигари нақши аввали зан, ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши аввали зани ҷашнвораи филмҳои сиёсии Карасони Фаронсаро дарёфт кардааст.

Гуфта шудааст, ки Элнози Шокирдӯст дар шароите ин ҷоизаро дарёфт карда, ки бозигарони саршиносе ҳамчун Пене Лопе Круз, Кайра Найтелӣ ва Сандрин Бунер барои бозӣ дар филмҳои шабакаи кубаӣ ва асрори махфии кандидаи дарёфти ҷоиза буданд, аммо дар ниҳоят Элнози Шокирдӯст аз ҳамаи онон пешӣ гирифт ва ин ҷоизаро низ аз они худ кард.

 

Барчасп