Ҳузури ширкати “Фӯлоди Хуросон” дар панҷумин намоишгоҳи тахассусии Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 23 Dec 2019 15:33:30 GMT )
Декабр 23, 2019 20:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ширкати “Фӯлоди Хуросон” дар панҷумин намоишгоҳи тахассусии Эрон дар Тоҷикистон

Ширкати “Фӯлоди Хуросон” дар панҷумин намоишгоҳи тахассусии Эрон дар Тоҷикистон маҳсулот ва тавонмандиҳои худро ба намоиш гузошт.

Дар маросми бозгушоии ин намоишгоҳи тахассусӣ, ки бо ҳузури вазири тавсеа ва тиҷорати Тоҷикистон ва раиси Утоқи бозаргонии ин кишвар баргузор шуд, муҳандис Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва муҳандис Размҳусайнӣ, устондори Хуросони Разавӣ низ ҳузур доштанд.

Муҷтамаи Фӯлоди Хуросон, ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи фӯлод дар шарқи Эрон, бо ҳадафи муаррифии тавонмандиҳои худ дар заминаи тавлид ва содироти фӯлод дар ин намоишгоҳ бо доир кардани ғурфа, ҳузури фаъол дорад.

Ин намоишгоҳ, ки аз 30 озар гушоиш ёфтааст ба муддати 4 рӯз барпост ва садҳо ширкати тавлидӣ ва иқтисодии Эрон дар он, тавонмандиҳои худ ва қобилиятҳои тавсеаи тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Миёнаро муаррифӣ мекунанд.