Табрики Рӯҳонӣ ба муносибати фаро расидани мелоди ҳазрати Исо (а)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49415-Табрики_Рӯҳонӣ_ба_муносибати_фаро_расидани_мелоди_ҳазрати_Исо_(а)
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме фаро расидани мелоди ҳазрати Исо (а) ва ҳамчунин оғози соли 2020-ро ба Папа Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон табрик гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 25, 2019 15:04 Asia/Dushanbe
  • Табрики Рӯҳонӣ ба муносибати фаро расидани мелоди ҳазрати Исо (а)

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме фаро расидани мелоди ҳазрати Исо (а) ва ҳамчунин оғози соли 2020-ро ба Папа Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар ин паём, ҳазрати Исо (а)-ро паёмовари тавҳид ва навъи дӯстӣ, намоди сабр ва шикебоӣ ва башоратгари иззат ва озодагӣ тавсиф кард.

Рӯҳонӣ ибрози умедворӣ кард: Дар солрӯзи мелоди ҳазрати Исо (а) раҳравони тариқи яктопарастӣ ва ҳақиқатҷӯӣ ва муваҳҳидони покандеши он ҳазрат ва тамомии адёни осмонӣ дар масири истиқрори сулҳ ва адолат гом бардоранд.

Рӯҳонӣ саломатӣ, муваффақият, саодат ва беҳрӯзӣ барои тамомии пайравони адёнии илоҳӣ орзу кард.

Имрӯз (чоршанбе) 25-уми декабри соли 2019 мелодӣ, солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Исо (а) аст.