Декабр 28, 2019 13:22 Asia/Dushanbe
  •  амнияти уқёнуси Ҳинд зомини ҳифзи манофеъи иқтисоди ҷаҳонӣ аст

Муовини амалиёти нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон гуфт; барқарории амнияти комили хутути киштиронӣ дар уқёнуси Ҳинд,ба вижа дар маҳдудаи байни тангаи Ҳурмуз, Молого ва Бобулмандаб, зомини ҳифзи манофеъи иқтисодӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Амир Дарёдор дуввум Ғуломризо Таҳонӣ муовини амалиёти неруи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷаласаи тавҷеҳии размоиши муштараки дарёии Эрон,Русия ва Чин,ки бо ҳузури фармондеҳони ягонҳои русӣ ва чинии ширкаткунанда дар ин размоиш баргузор шуд, афзуд ; шимоли уқёнуси Ҳинд аз муҳимтарин оброҳҳои ҷаҳон аст ва нақши муҳиме дар тиҷорати байналмиллал дорад. Дарёдори дуввум Таҳонӣ бо баёни ин,ки размоиши муштараки дарёии Эрон, русия ва Чин аз аҳамияти хосе бархурдор аст, тасриҳ кард ; кишварҳои бисёре дар минтақаи дарёи Уммон ва уқёнуси Ҳинд,ки аз  минтақаҳои калидии тиҷорати ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад,тарадуд доранд ва ба ҳамин ҷиҳат ҳифзи амнияти дарёӣ дар он бисёр муҳим ва ҳаётӣ аст. Муовини амалиёти нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон афзуд ; моҳияти муштараки таҳдидҳои дарёӣ ва таҳавулоти сиёсӣ байни давлатҳо барои анҷоми иқдомҳои ҳамоҳанг, боис шуда,ки нурӯҳои дарёии Эрон, Русия ва Чин беш аз гузашта бо якдигар ҳамкорӣ кунанд. Размоиши дарёии муштараки Эрон, Чин ва Русия дар ҷиҳати тақвият ва афзоиши таҷриба дар амнияти тиҷорати байналмиллалӣ, аз рӯзи ҷумъа ба муддати чор рӯз дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон оғоз шудааст. Табодули таҷрибаи амният дар миёни кишварҳои Эрон, Русия ва Чин ва муқобила бо терорризм ва дуздии дарёӣ аз дигар ҳадафҳои ин размоиш эълом шудааст.

Барчасп