Декабр 30, 2019 14:01 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз дастгоҳи протези асабӣ сохти Эрон дар донишгоҳи илму саноати Теҳрон

Дастгоҳи протези асабӣ ҳаракате барои педал задани ашхос дучори зоиаи қатъи нухоӣ, сохти донишмандон ва нухбагони эронӣ дар донишгоҳи илм ва саноати Эрон рунамоӣ шуд.

Ба нақл аз ИРНО, дастгоҳи протези асабӣ  ҳаракате ба ашхоси дучори зоиаи қатъи нухоӣ имкон медиҳад, то бо педал задани мудом аз эҷоди аворизи хатарноке ҳамчун пукии устухон, захми бастар, уфунатҳои куллиявӣ ва массона, норасоии қалбӣ ва уруқӣ пешгирӣ кунанд.

Ҳамакнун дар сатҳи минтақа фақат Эрон дорои дастгоҳи протези асабии навин аст ва чунин дастгоҳе дар сатҳи ҷаҳон дар кишварҳои Амрико, Олмон ва Англия вуҷуд дорад ва ба марҳилаи тиҷорисозӣ расидааст.

Ин дастгоҳ дар марказҳои беҳзистӣ ва бемористонҳо мавриди ниёзи беморон аст.

Маъкус кардани раванди пукии устухонҳо ва афзоиши тарокуми устухон, коҳиши спасм, афзоиши сатҳи рон, афзоиши масрафи оксиген ва беҳбуди амалкарди қалбӣ ва риявӣ, афзоиши гардиши хун ва беҳбуди гоми бардоштан дар ашхоси дучори МС, поркинсон ва сактаи мағзӣ ва беҳбуди вазъияти руҳӣ ва равонии ашхоси дучори зоиаи қатъи нухоӣ аз ҷумла фоидаҳои ин дастгоҳ ба шумор меравад.