Декабр 30, 2019 15:09 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон барои ҳифзи амният ва озодии киштиронӣ дар оброҳи Ҳурмуз омодааст

Вазири умури хориҷаи Эрон якшанбешаб баргузории размоиши муштараки дарёии Эрон, Русия ва Чин дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммонро нишондиҳандаи ҳамроҳӣ накардани қудратҳои муҳими ҷаҳонӣ бо сиёсатҳои танишофарин дар минтақа донист.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар бадви  вуруд ба Маскав гуфт, размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон омодагӣ дорад барои ҳифзи амният ва озодии киштиронӣ барои ҳама дар оброҳи байналмиллалии муҳими Ҳурмуз ҳамкорӣ кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, ин размоиш ҳамчунин нишон дод қудратҳои муҳими ҷаҳонӣ бо сиёсатҳо ва иқдомоти танишофарин дар минтақа ҳамроҳӣ намекунанд.

Зариф дар бораи ҳадафҳои сафари  худ ба Маскав низ бо таъкид бар ин равобити Эрон ва Русия роҳбурдӣ аст гуфт, ниёз аст ду кишвар ба сурати мудовим дар бораи равобити дуҷониба, масоили минтақа ва охирин таҳаввулоти байналмиллалии ҳамоҳангӣ, ҳамфикрӣ ва ройзанӣ дошта бошанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, рӯзи душанбе гуфтугӯи муфассале бо Сергей Лавров ҳамтои руси худ дар бораи масоили мухталиф хоҳад дошт.

Вазири умури хориҷаи Эрон якшанбешаб дар бадви вуруд ба фурудгоҳи байналмиллалии Внуково дар Маскав мавриди истиқболи Максим Баранов муовини депортмони Осиёи Вазорати хориҷаи Русия ва Козими Ҷалолӣ сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия қарор гирифт.