Қатъномаи поёнии маросими бузургдошти 9-уми дай
Ширкаткунандагон дар маросими бузургдошти 9-уми дай дар саросари Эрони исломӣ бар тақвияти рӯҳияи истикборситезӣ ва ҳушёрии миллати Эрон барои ғалаба бар ҷанги ҳамаҷонибаи душман таъкид карданд.
9-уми дайи соли 1388 (30 декабри 2009) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухе қотеъ ба аносури фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пешгирифта буданд.
Ҳамосаи мондагори 9 дай, ки дар тақвими расмии Эрон ба номи "Рӯзи басират ва мисоқи уммат бо вилоят" номгузорӣ шуда, яке аз беназиртарин ҳаракати мардумии таърихи Инқилоби Исломӣ дар ҳифозат аз низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ ва ормонҳои Инқилоби Исломии Эрон аст.
Мардуми Эрони исломӣ рӯзи душанбе дар қатъномаи поёнии ин маросими бошукӯҳ, бо таъкид бар зарурати иттико ба тавонмандиҳои дохилӣ ва таҳаққуқи амалии иқтисоди муқовиматӣ, пойбандии амалии ҳамагон ба мануёт(аҳдоф)-и раҳбари муаззами Инқилоби Исломиро рамзи бақои иззат, ғалаба бар фитнаҳо ва ҳалли мушкилоти ҷомеа донистанд.
Ширкаткунандагон дар ин маросим ҳамчунин ҳамалоти ҳавоии Амрико ба мавозеи басиҷи мардумии Ироқ ва тавтеаи Кохи Сафед барои бесубот кардани ҷабҳаи муқовиматро маҳкум карданд.
Ин қатънома ҳамчунин бо маҳкум кардани рафтори дадманишонаи давлати Нигерия алайҳи шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари ҷунбиши исломии ин кишвар, талоши мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон барои истифода аз зарфияти маҷомеи байналмилалӣ ва муолиҷаи фаврии қабл аз вахимтар шудани ҳоли шайх Закзокиро хостор шуданд.