Ёде аз рӯзҳои ҳамбастагии мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эрон
(last modified Tue, 31 Dec 2019 08:41:53 GMT )
Декабр 31, 2019 13:41 Asia/Dushanbe
  • Ёде аз рӯзҳои ҳамбастагии мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эрон

30 соли пеш дар чунин рӯзҳое дар авохири умри Иттиҳоди Шӯравӣ, тайи моҳҳои ноябр ва декабри соли 1989 ва авоили январи 1990, мардумони он сӯи Арас фурсате таърихӣ ёфтанд то ишқу муҳаббати фурӯхфта худ ба меҳани таърихиашон Эронро иброз кунанд.

Мардуми ҷумҳурии тозаистиқлолёфтаи он сӯи Арас гурӯҳ - гурӯҳ ба сӯи марзи Эрон равона мешуданд ва бо вуҷуди ин ки ҳанӯз нерӯҳои марзӣ ва артиши сурхи Шӯравӣ ҳузур доштанд, бо роҳҳои мухталиф худро ба хоки Эрон мерасонданд ва бо ашки шавқ бар ин хоки муқаддас бӯса мезаданд.

Дар он рӯзҳои сарди поизӣ ва зимистонӣ он чӣ гармобахши ин мардуми ошиқ ва дурафтода аз меҳани таърихӣ буд, ишқу муҳаббати қалбӣ буд, ки ҳеҷ монеае, ҳатто омӯзаҳои коммунистӣ ва таҳрифоти таърихиву фарҳангӣ натавониста буд пеши роҳашро бигирад. Ва бо бурузи фурсати ношӣ аз шуруъ аз фурӯпошии Шӯравӣ, муҷаддадан ишқи мардумони он сӯи Арас ба Эрони исломӣ зинда шуда буд ва ибрози вуҷуд мекард. Ба ҳамин иллат, марзбонони Шӯравӣ дар вопасин моҳҳои умри императории Сурх бо огоҳӣ ба ин ки наметавонанд монеи убури ин мардуми ошиқ ба сӯи Эрон бишаванд, ҳеҷ мамониате дар муқобили он намекарданд ва дар ин сӯи марз низ марзбонони эронӣ дастур доштанд аз меҳмонони азизи Эрони исломӣ ба гармӣ пазироӣ кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо дурандешии ҳакимонаашон дар он бурҳа низ ба марзбонӣ ва тамоми органҳои зирабт раҳнамуд дода буданд, ба рӯйи мардумони шефта ва мазлумоне, ки наздик ба ду қарн ва ба хусус дар давраи ҳафтодсолаи ҳокимияти коммунизм аз неъмати дастрасии озод ба Эрон маҳрум шуда буданд, оғӯши гарми худро бикушоянд.

Ба ин тартиб, дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 1989 саҳнаҳое аз сафои маънавӣ ва рӯҳии мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон дар ибрози ишқу алоқа ба Эрони исломӣ офарида шуд, ки дар таърих ба ёдгор монд.

 Аммо, мутаассифона, ҷараёноте, ки ҷумҳурии Озарбойҷонро ба “биҳишти таҳрифгирӣ ва ҷаъли таърих” табдил кардаанд, ин бор низ даст ба кор шуданд ва он ҳаракати муқаддас ва босафоро низ таҳриф карданд ва бо пӯшиш ва номи ҷаълӣ ба дунё ироа намуданд. Дар ҳамон айёме, ки ҳаракати мардумӣ ба сӯйи хоки Эрон ва убур аз обҳои сарди Арас ҷараён дошт, понтуркистҳои тоблудор, ки дар “ҷабҳаи халқ” низ рахна карда буданд, барои ба инҳироф кашонидани ин ҳаракати муқаддаси мардумӣ талош мекарданд. Аммо дар миён мардумоне, ки даста - даста ба сӯи Эрон мешитофтанд ва бо истиқболи гарми бародарони эронии худ мувоҷуҳ мешуданд, қавмиятгароёни ҳақири чандон ба чашм намеомаданд ва наметавонистанд коре аз пеш бибаранд.

Дар бурҳаи пас аз давлати яксолаи понтуркистҳо (таҳти раҳбарии Абулфазли Элчибег) бо бозгаштт Ҳайдар Алиев, сиёсати таҳрифи ҳаракати мардумии ҷумҳурии Озарбойҷон ба сӯи Эрон дар авохири 1989 ва авоили 1990 сурат ва моҳияти ҷиддитар ба худ гирифт ва Ҳайдар Алиев эълом кард, ки рӯзи 31 декабрро ба истилоҳ “Рӯзи ҳамбастагии озарбойҷониҳои дунё” эълом мекунад то ба гумони “озарбойҷонигароён”, ки бо ҳидояти марокизи понтуркистӣ ва саҳюнистӣ, ҳувияти ҷаълӣ ва ҷудоӣ аз Эрон барои озариҳо таъриф кардаанд, “озрбойҷониҳои дунё” дар меҳвари давлати Боку ба ҳамбстагӣ бирасанд!

Ба ин тартиб, аз он пас то кунун солона миллионҳо манот барои ин таҳрифу ҷиҳати ба инҳироф кашонидани мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон ва таблиғи ин сиёсати риёкорона масраф мешавад ва зимни судури ба истилоҳ паёмҳои расмии раисҷумҳурӣ ва маҷлису ҳукумат, бо баргузории ба истилоҳ ҷашнҳои 31 декабр ва идғом кардани он бо ҷашнҳои соли нави масеҳӣ, талош мекунанд ҳувияти ҷаълии таърифшуда барои озариҳоро ба ҳамагон биқабулонанд.

Афсӯс, ки дар ин сӯи марз низ мо рӯзноманигорони эронӣ ва ба хусус мутаваллиёни равобит бо ҷумҳурии Озарбойҷон чунон бетафовут рафтор кардаем, ки марокизи понтуркист ва ҳукумати Боку бо густохии тамом воқеае, ки дар давраи ҳаёти худи мо рӯй додааст, ҳамонанди таърихи ин сарзамин комилан воруна ҷилва дода ва ба баҳонае барои зарба задан ба тамомияти арзӣ ва таблиғ алайҳ кишвар табдил мекунанд.