Сентябр 27, 2016 17:52 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Кумаки Эрон ба Сурия дар мубориза бо терроризм идома дорад

Раисҷумҳури исломии Эрони бори дигар ҳимояти Эронро аз Сурия дар чорчуби мубориза бо терроризм эълом кард.

Ба иттилои Ирно, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон рӯзи сешанбе дар дидор  Ҳадия Халаф Аббос, раиси Маҷлиси намояндагони Сурия, ки ба Теҳрон сафар кардааст, бо таъкид бар ҳифзи тамомияти арзӣ, ваҳдат ва якпорчагии ҳамаи кишварҳои минтақа аз ҷумла Сурия гуфт: Эрон кумак ба Сурияро дар чорчуби мубориза бо терроризм ва истиқрори амният дар минтақа идома хоҳад дод .

Раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки тағйири марзҳо ҳаргиз ба салоҳи минтақа нахоҳад буд, тасреҳ кард: Имрӯз як ҷанги золимона аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, ки ҳеч тааҳҳуде ба усули ахлоқӣ ва инсонӣ надоранд, ба мардуми Сурия таҳмил шуда ва муқовимати онҳо дар шароити сахти 5 соли ахир дар баробари терроризм таҳсинбарангез будааст .

Рӯҳонӣ бо ибрози таассуф аз гирифтор шудани бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Яман, Ироқ, Сурия, Либия ва Афғонистон дар доми тавтеаҳои душманон ибрози умедворӣ кард: Музокироти миёни давлати Сурия ва мухолифони он барои дастёбӣ ба тавофуқе ҷомеъ зудтар ба натиҷа бирасад .

Раиси Маҷлиси намояндагони Сурия низ дар ин дидор гуфт: Равобити Эрон ва Сурия торихӣ, дӯстона ва бародарона аст ва Димишқ дар чорчуби густариши муносиботи ҳамаҷониба бо Теҳрон талош хоҳад кард .

Ҳадия Халаф Аббос бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Эрон аз мардуми Сурия барои мубориза бо терроризм афзуд: Бо вуҷуди тавтеаи душманон, Эрон ҳамвора ҳомии бузурги миллати Сурия дар ҳамаи заминаҳо будааст .