Январ 13, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: иллати вазъи номуносиби минтақа, фасодангезии Амрико ва рафиқони он аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ якшанбешаб дар дидори шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ амири Қатар ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд, шароити кунунии минтақа беш аз пеш ниёзманди тақвияти иртибототи кишварҳои минтақа ва таъсир напазируфтан аз илқоъоти бегонагон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шароити кунунии минтақаро номуносиб донистанд ва афзуданд, иллати ин вазъ, фасодангезии Амрико ва рафиқони ин кишвар аст ва танҳо роҳи муқобила бо он ҳам такия бар ҳамкориҳои дарунминтақаӣ аст.

Ишон бо ишора ба равобити сиёсии хуби Эрон ва Қатар афзуданд: равобити иқтисодии ду кишвар дар сатҳи равобити сиёсӣ нест ва бояд ҳамкориҳои Эрон ва Қатар дар заминаҳои муштарак беш аз пеш густариш ёбад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, албатта бархеҳо ба хусус онҳое, ки аз он сари дунё ба ин минтақа омадаанд, тамоюл ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои минтақа надоранд, вале ин мавзӯъ рабте ба онҳо надорад ва кишварҳо ва миллатҳои минтақа, дигар чунин таҳаккумҳо ва дахолатҳоеро қабул намекунанд.

Дар ин дидор, ки Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон низ ҳузур дошт, шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ амири Қатар бо ибрози хурсандии фаровон аз дидор бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шароити минтақаро душвор хонд ва гуфт, мо бо суханони ҷаноби олӣ дар хусуси лузуми афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ комилан мувофиқ ва муътақидем бояд гуфтугӯҳои ҷомеъ миёни кишварҳои минтақа баргузор шавад.

Барчасп